1000 сомонӣ. Нархи билети бозии футболи Тоҷикистону Қирғизистон

© Sputnik / Амир ИсаевМухлисон аснои тамошои бозии тимҳои Тоҷикистону Австралия. Акс аз бойгонӣ
Мухлисон аснои тамошои бозии тимҳои Тоҷикистону Австралия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нархи билетҳои бозии интихобӣ дар доираи сабқатҳои роҳ ёфтан ба Қаҳрамонии 2018 аз 20 сомонӣ шурӯъ шуда, ба се қисм ҷудо мешаванд: якум, VIP ва супер VIP.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Нархи билетҳои бозии тимҳои футболи Тоҷикистону Қирғизистон то 1000 сомонӣ (муодили 130 доллари амрикоӣ) мерасад, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

"Билетҳо дар бозии футболи Тоҷикистону Қирғизистон ба се қисм ҷудо мешавад: якум, VIP ва VVIP (супер VIP).  Нархи чиптаҳо аз 20 сомонӣ то 1000 сомонӣ аст",- менависад ФФТ.

Лаҳзае аз бозии тими футболи ҷавонони Тоҷикистон. 29 декабри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Футбол (U-16): пирӯзии дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар бозии дӯстона

Билетҳои арзонтарин барои курсиҳои зард, сурх ва кабуди варзишгоҳ аст. Дар қисми VIP- бахши ранги сабз арзиши билетҳо аз 50 сомонӣ шурӯъ мешаванд. Билетҳо дар сектори супер- VIP, барои ҷойҳои бароҳат ба мухлисон бо нархи 1000 сомонӣ пешниҳод мешаванд.

Билетҳо аз рӯзи 24 март ба фурӯш бароварда мешавад, вале дар Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯянд, кулли билетҳои VVIP аллакай харидорӣ шуданд.

Бозии интихобӣ миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 29 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Бозиҳои футболи Қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар қаламрави Федератсияи Русия, аз ҷумла дар Маскав, Санкт-Петербург, Қазон ва дигар шаҳрҳо сурат мепазиранд.

Лентаи хабарҳо
0