Қаҳрамонии Осиё оид ба футбол байни духтарони то 14 сола

Бонувони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё ба бозии нимниҳоӣ роҳ ёфтанд

24
Тими духтаронаи Тоҷикистон дар бозии минтақавии Осиё-2016 аз байни наврасони то 14 сола ба нимфинал баромад.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар даври бозии охири гурӯҳи "А" футболбозони мо бо дастаи Қирғизистон вохӯрда бозиро мусовӣ — 1:1 анҷом доданд.

Ҳамин тавр дар гурӯҳи "А" мунтахаби Эрон бо нӯҳ имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Дастаи Тоҷикистон бо чор имтиёз дар ҷои дуввум қарор дорад. Бутан бо се хол дар зинаи сеюм ва Қирғизистон бо як имтиёз дар ҷойи охирин-чорум қарор гирифтанд.

Тими Бангладеш, ки дастаи Непалро бо ҳисоби бузург 9:0 шикат дод, бо шаш имтиёз дар гурӯҳи "В" мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҳиндустон бо се имтиёз дар зинаи дуввум ҷой гирифт. Непал бидуни имтиёз дар ҷои охирон қарор дорад.

Ҳамин тавр бозиҳои ниманиҳоии сабқати минтақавии қаҳрамонии футболи Осиё-2016 миёни бозингарони синнашон то 14-сола дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзи шанбеи моҳи  апрел баргузор мешавад. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш  дар варзишгоҳи "Авиатор"-и Душанбе, тимҳои Эрон ва Ҳиндустон дар майдони  Академияи футболи "Истиқлол", дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор рақобат мекунанд.

24
Барчаспҳо:
қаҳрамонии Осиё оид ба футбол, пирӯзӣ, рақобат, бозӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Пирӯзии бонувони тоҷик дар бозии футбол бо дастаи Бутан