Ҳаким Фузайлов. Акс аз бойгонӣ

Cармураббии ҷадиди мунтахаби Тоҷикистон, Ҳаким Фузайлов таъин гардид

27
(Таҷдидшуда 19:05 29.04.2016)
Ба вазифаи нав Фузайлов рӯзи 2-юми июн ҳангоми вохӯрии тимҳои Тоҷикистону Бангладеш дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мепардозад.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Номзади сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон маълум гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Федератсияи Футболи Тоҷикистон.

Сармураббии тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозингари "Помири"-и Душанбе  муовини роҳбари техникии ФФТ Ҳаким Фузайлов таъин гардид.

"Дар назди мураббии 51-сола вазифаи роҳ ёфтан ба бозиҳои Ҷоми Осиё, ки соли 2019 дар Аморати Мутаҳидаи Араб доир мегардад вогузор шудааст",-гуфта мешавад дар иттилоия.

Ба вазифаи нав Фузайлов рӯзи 2-юми июн ҳангоми вохӯрии тимҳои Тоҷикистону Бангладеш дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мепардозад. Ғолиби мусобиқа ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат мегирад.

"Кӯшиш мекунем, ки ба ҳадафҳоямон ноил гардем, аз ҳама муҳимаш ба даст овардани иҷозатнома ба сабқати Ҷоми Осиё-2019 мебошад. Мутмаинам, ки аз ин вазифа бозингаронамон ба хубӣ мебароянд",-қайд кард Фузайлов.

Ҳаким Қаюмович Фузайлов 12 асгусти соли 1964 таваллуд шудааст. Қадами нахустини худро ба футболи касбӣ дар дастаи "Пахтакор"-и Қурғонтеппа гузоштааст. Аз соли 1986 то соли 1991 дар ҳайати дастаи "Помир"-и Душанбе бозӣ карда, баъдан соли 1992 ба тими "Лакомотив"-и Маскав гузаштааст. Дар ҳайати ин даста ӯ соли 1994 сазовори медалҳои биринҷии Чемпионати Русия гардидааст.Соли 1995 даъвати дастаи "Арсенал"-и Туларо пазируфта, зиёда аз ду сол дар лигаи дуввуми Русия ба ҳайси капитан фаъолият кардааст.

Ба ҳайси мураббӣ Ҳаким Фузайлов клуби узбакистонии "Бухоро"-ро соли 1990 ва баъдан "Динамо"-и Самарқандро машқ додааст. Соли 2003 сармураббии дастаи "Андиҷон" ва баъди як сол мураббии "Титан"-и Русия шудааст. Аз соли 2005 дар дастаи "Локомотив"-и Калуга фаъолият кардааст.

 

 

27
Барчаспҳо:
сармураббӣ, Ҷоми Осиё, мунтахаби Тоҷикистон, футбол, Федератсияи футболи Тоҷикистон, Ҳаким Фузайлов, Тоҷикистон
Мавзуъ
Филми мустанад дар бораи собиқ сармураббии “Помир”