Майдони футбол

Ҷоми “Истиқлол”-ро оид ба футболи хурд боз ФФТ ба даст овард

9
(Таҷдидшуда 16:23 09.09.2016)
Бозингарони Федератсияи футбол дар давраи ниҳоии мусобиқа дастаи “Амонатбонк”-ро бо ҳисоб 3:2 ғолиб омада, соҳиби шазодатнома ба маблағи 40 ҳзр. сомонӣ ва медали тилло гардиданд.

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон бори саввум аст, ки Ҷоми дастаи футболи "Истиқлол"-ро оид ба футболи хурд ба даст меоранд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ФФТ.

Бозии Ҷоми дастаи футболи "Истиқлол" дар муддати як моҳ дар се майдони сунъии назди Майдони марказии пойтахт баргузор гардид. Маблағи мукофотии мусобиқа 70 ҳзр. сомониро ташкил медиҳад. Барои маблағи калон 25 даста аз вазоратҳо, раёсатҳо ва  ташкилотҳои ҷумҳурӣ рақобат намуданд.

Ҷои саввумро бо шаҳодатномаи маблағи пулии 10 ҳзр. сомонӣ ба дастаи "Динамо"-и вазорати корҳои дохолӣ расид.

"Пасон давраи вохӯрии ҳалкунанда расид, ки дар он ғолиби дукаратаи Ҷом-дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаи қавии "Амонатбонк" муқовимат мекарданд. Бозии хело шавқовар ва ҷолиб бо ғолибияти мустаҳками дастаи Федератсияи футболи ҷумҳурӣ бо ҳисоби 3:2 ба анҷом расид",- омадааст дар хабар.

"Амонатбонк", ки дар ин бозӣ ҷойи дуввумро сазовор шуда,  медали нуқра ва 20 ҳзр. сомонӣ мукофотпулӣ хоҳад гирифт.

Дарвозабони беҳтарини Ҷом бозингари дастаи ФФТ Анваршо Мирзоев дониста шуд. Ҳуҷумкунандаи беҳтарини мусобиқа бошад- Самандар Суннатзода аз "Оҷонсии зидди фасод" интихоб гардид. Идибой Олимов аз дастаи "Амонатбонк" мукофоти бозингари беҳтарини мусобиқаро ба даст овард.

 

9
Барчаспҳо:
Мусобиқаи Ҷоми дастаи "Истиқлол", ФФТ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Чемпионати Тоҷикистон: беҳтарин лаҳзаҳои футболи мусобиқа
Собиқ футболбози испании “Истиқлол” касби барқчигиро пеша кардааст
Чиптаҳои бозии футболи дастаҳои Тоҷикистону Сурия ба фурӯш бароварда шуданд
Футболбозони тоҷик дар бозии Ҷоми перезиденти Қазоқистон медали нуқра ба даст оварданд
Футболбозони навраси тоҷик ба даври ниҳоии Ҷоми президенти Қазоқистон роҳ ёфтанд
Футболбозони ҷавони тоҷик ба Вэйнани Чин рафтанд