Расул Боқиев: кӯдаконро набояд ба муҳорибаҳои омехта ҷалб кард

© SputnikРасул Боқиев ҳангоми машқ додани кӯдакон. Акс аз бойгонӣ
Расул Боқиев ҳангоми машқ додани кӯдакон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии соли 2008 Расул Боқиев изҳороти Федор Емеляненкаро оиди зидд будан барои ҷалби кӯдакони 8-сола ба муҳорибаҳои омехта дастгирӣ кард.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Рӯзҳои истироҳати гузашта дар Грозний (Русия) мусобиқа дар риштаи муҳорибаҳои омехта баргузор гардид, ки дар он баромади намоишии кӯдакони 8-сола низ дар назар буд.

Sputnik Тоҷикистон оиди ин ҳодиса назари дорандаи медали биринҷии Бозиҳои Олимпии соли 2008-ум Расул Боқиевро, ки дар Шаҳраки Олимпии Маскав мактаби дзюдои худро кушодааст, пурсон шуд.

"Иштироки кӯдакон дар чунин мусобиқот ғайри қобили қабул аст. Ҳатто бо шлем мубориза дар чунин синну сол хатар дорад, кӯдакон бояд аз ҷиҳати ақлонӣ рушд кунанд, китоб хонанд на ба чунин навъи варзиши хатарнок машғул шаванд. Дар ин намуди рақобат як зарба метавонад кӯдакро то охири умр маъюб кунад ва ин барои аъзоёни оилаи онҳо дарди сахт хоҳад буд",-гуфт Расул Боқиев.

Қаблан президенти Иттиҳоди муҳорибаҳои омехта (ММА)-и Русия Федор Емеляненко тариқи изҳороти расмӣ мусобиқоти шаҳри Грознийро баҳодиҳӣ карда аз он изҳори норозигӣ кард.

Расул Боқиев - Sputnik Тоҷикистон
Расул Боқиев: омодаам паҳлавонони тоҷикро дар Маскав машқ диҳам

"Баромади кӯдакони 8-сола бояд намоишӣ мебуд, вале дар ҳақиқат ин мусобиқа шуд. Мувофиқи қоидаҳои варзиши Вазорати тарбияи ҷосмонии Федератсия Русия варзишгарони 21-сола бояд ба майдони ҳарб бо шлем ва то 12 сола бо либоси махсуси варзишӣ бароянд. Ба кӯдакони то 12 сола баромад кардан аз рӯи қоидаҳои муҳорибаҳои омехта умуман манъ карда шудааст. Ҳодисае, ки дар сабқати Грозний ба вуқӯъ пайваст ғайри қобили қабул аст",-гуфт Емеляненко.

Дар баробари ин варзишгари маъруф аз он, ки кӯдакони 8-сола дар назди ҷавонони бузург ҳамдигарро лату кӯб мекарданд, изҳори норозигӣ кард.

"Иштирок дар чунин мусобиқаҳо дар як сатҳ бо калонсолон ҳам ба саломатии ҷисмонии кӯдакон ва ҳам аз ҷиҳати равонӣ метавонад зарари ҷуброннопазир расонад",-навиштааст Емеляненко.

Ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа дар Грозний аз ин изҳорот изҳори норозигӣ карда, гуфтанд, ки барои гузаронидани чунин мусобиқаҳо ҳуқуқ доранд.

Лентаи хабарҳо
0