Волейбол, Акс аз бойгонӣ

Панҷ дастаи Тоҷикистон дар мусобиқаи волейболи Маскав иштирок мекунанд

297
Санаи 5 ва 6-уми ноябри соли равон дар Маскав аввалин мусобиқаи байналмилалии волейбол байни дастаҳои ВМКБ-и Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон ва Қалмиқистон баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Маскав барои бори аввал мусобиқаи байналмилалии волейбол миёни намояндагони миллатҳои гуногун баргузор мегардад, хабар медиҳад Аслишо Акимбеков раиси ташкилоти "Нур" дар саҳифаи фейсбуки гурӯҳи "Культурный Памир".

"Мусобиқаи байналмиллалии волейбол ба рӯзи "Ваҳдати миллӣ" бахшида мешавад",-омадааст дар иттилоия.

Дар мусобиқа дастаҳои Ишкошим, Помири Маскав, Деҳ, Шоҳдара 1, Шоҳдара 2, Сарез, Славяне, Қиризистон ва Қалмиқистон иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ мусобиқа санаи 5 ва 6-уми ҳамин моҳ соати 13.00 дар Қасри варзиши ба номи Яригина (кӯчаи Авиамоторная, хонаи 40) баргузор гардида, он аз ҷониби ташкилоти "Нур" ва "Помир" бо дастгирии ҳукумати шаҳри Маскав гузаронида мешавад.

297
Барчаспҳо:
мусобиқаи байналмилалии волейбол, ташкилоти "Нур", "Помир", Маскав
Мавзуъ
Ғолибони КВН-и Помир мукофотро бо дигар дастаҳо тақсим карданд
Дар Маскав даври ниҳоии лигаи КВН-и Помир баргузор мегардад