Ҳандбол: дастаи Душанбе бар Хатлон ва Бадахшон пирӯз шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкГандбол. Рождественский турнир. Матч Аргентина - Белоруссия
Гандбол. Рождественский турнир. Матч Аргентина - Белоруссия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусобиқаи ҳандболбозон бо пирӯзии дастаи Душанбе анҷом ёфт. Ҷои дуюм насиби варзишгарони ВМКБ ва сеюм аз дастаи Хатлон шуд

ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Бино ба додаҳои равобити умуми Федеросюни ҳандболи Тоҷикистон дастаи Душанбе дар қаҳрамонӣ ғолибият ба даст овард.

Дар ноҳияи Панҷ мусобиқаи ҳандбол миёни мардон баргузор шуд. Дар тӯли чанд рӯз ҳафт даста байни ҳам рақобат карданд. Варзишгарон аз ноҳияҳои тобеъи марказ, вилояти Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат карданд.

Пас аз чандин рақобат гурӯҳи варзишгарони Душанбе-1 бо гирфтани 12 хол мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Ҷои дуюм бо дарёфти 10 хол насиби дастаи ВМКБ ва мақоми сеюм бо 8 хол аз они вилояти Хатлон шуд.

Манбаъ меафзояд, ки мақсади асосӣ аз баргузоркунии ин мусобиқа ташкили мунтахаби ҳандболи Тоҷикистон буд, кидар оянда аз номи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ баромад хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0