Комроншоҳ Устопириён дар Ҷоми Урупо севум шуд

Обуна шудан
Дар сабқати байнулмилалие,ки дар шаҳри Минск баргузор шуд Устопириён аз байни 400 варзишкор мақоми севумро ба даст овард

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи миллии олимпӣ, паҳлавони тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар сабқати ҷудои Ҷоми Урупо мақоми севмро ба даст овард.

Сабқати ҷудои Ҷоми Урупо рӯзҳои истироҳат дар шаҳри Минск баргузор шуд. Устопириён дар ин мусобиқа рақибонашро аз Белорус ва Русия мағлуб карда, аз варзишкори исроилӣ шикаст хурд.

Дар размоиш барои мақоми сеюм, паҳлавони тоҷик намояндаи Венгрияро мағлуб кард. Комроншоҳ аз пирӯзиаш дар саҳифаи фейсбукаш хабар додааст.

Дар ин мусобиқа 400 ҷудочӣ аз 52 кишвар ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0