Бозии дастаи Ҳосилот ва Хуҷанд, акс аз бойгонӣ

"Хуҷанд" дастаи "Ҳосилот"-ро бо ҳисоби калон шикаст дод

44
Дастаи "Хуҷанд" аз шаҳри Хуҷанд бозиро дар майдони худ аз дастаи "Ҳосилот" аз ноҳияи Фархор бурд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар чорчӯби бозиҳои даври 14-уми марҳилаи дувуми Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лиги олӣ, "Хуҷанд" дастаи "Ҳосилот"-ро бо ҳисоби калони 7:0 шикаст дод.

Дар ин бозӣ футболбози дастаи "Хуҷанд" Давронҷон Тӯхтасунов ду гол зад. Ҳамчунин Манучеҳр Аҳмадов, Дилшод Бозоров, Фарҳод Тоҳиров, Эҳсон Бобоев ва бозингари нави дастаи  "Хуҷанд" Ҷаҳонгир Эргашев як голӣ заданд.

Дастаи футболи "Хуҷанд" бо ин пирӯзӣ 24 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали умумии мусобиқа ҷойгоҳашро дар зинаи дувум устувор кард.

44
Барчаспҳо:
Қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, футбол, сабқат, варзиш, футбол, "Ҳосилот", "Хуҷанд", Тоҷикистон
Мавзуъ
Муҷозоти футболбози дастаи “Ҳосилот” барои лату кӯби довар
Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод
Дастаи футболи “Истиқлол” дастаи “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби калон шикаст дод