Пирӯзии комил: "Истиқлол" дастаи Филиппинро шикаст дод

© ФФТБозии тими "Истиқлол" бо дастаи филиппинӣ
Бозии тими Истиқлол бо дастаи филиппинӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими "Истиқлол" дар сабқати Ҷоми АФК бар дастаи "Стерес-Негросом" аз Филиппин бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Тими футболи номии Тоҷикистон "Истиқлол" дар сабқати ҷоми АФК дар давраи ниманиҳоӣ бар дастаи "Тсерес-Негросом" аз Филиппин пирӯз шуд.

Бино ба иттилоъи Федеросюни футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ голи аввалро Манучеҳр Ҷалилов задааст.

Давраи дигари сабқат дар шаҳри Баколодаи Филиппин 12-уми сентябри соли равон баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0