Дар Рӯшон ба хотири Азалшо Олимов сабқати ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

© Фото : Аз бойгонии Шуҳрат АлиевҒолибони сабқати куштӣ дар ноҳияи Рӯшон
Ғолибони сабқати куштӣ дар ноҳияи Рӯшон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Рӯшон барои гиромидошти хотири Азалшо Олимов - нахустин қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Урупо оид ба самбо, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи куштии миллӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Кумитаи варзиш, дар мусобиқа ҷавонони соли таваллудашон 1997-2000 байни ҳам рақобат карданд.

Манбаъ меафзояд, ки дар сабқати куштӣ, варзишгарон аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, Рашт ва вилоятҳои Хатлону ВМКБ дар вазнҳои гуногун қувва озмуданд. Мусобиқаи ҷумҳуриявии куштӣ рӯзҳои 26 ва 27 август гузаронида шуданд.

Дар вазни +100 килу мақоми аввалро Алибек Гулмамадов намоянади ВМКБ гирифту ҷои дуюм насиби Мамадкарим Салимбеков аз шаҳри Душанбе шуд. Мақоми сеюмро ду варзишкор аз худ карданд. Инҳо намояндагони вилояти Хатлон-Шоҳрух Комилов  ва Аюбҷон Муродов мебошанд.

Спартакиада в честь алмазного юбилея - Sputnik Тоҷикистон
Рӯшон: аз куштии наврасон то зиёфати раиси ноҳия

Дар вазни 100 килу ҷои якумро варзишкори бадахшонӣ —Бунёд Навбаҳоров  гирифта мақоми дуюмро Фирӯз Сафаров аз вилояти  Хатлон аз худ кард. Ҷои сеюм насиби Юсуф Мадаминов намояндаи ноҳияҳои тобеи марказ ва Иброҳим Сафаров аз вилояти  Хатлон шуд.

Дар вазни 90 килу ҳам мақоми аввалро намояндаи ВМКБ Шоҳрӯз Сулаймоншоев аз худ кард. Ҷоми дуюм насиби Носирхӯҷа Зайниддинов аз вилояти Хатлон шуда, мақоми сеюмро варзишкори бадахшонӣ — Фаромӯз Рамазонов ва намояндаи Рашт Қадриддин Бурҳонидинов гирифтанд.

Дар вазни 80 килу дар сабқати ҷумҳуриявӣ Хушназар Ҳоҷиев — намояндаи ВМКБ пирӯз шуд. Алиёр Шамиров аз ҳамин вилоят мақоми дуюмро гирифт. Намояндаи шаҳри Душанбе Давлатбеки Мамадбек ва Хуршед Чиллаев аз ноҳияҳои тобеи марказ, мақомҳои сеюмро гирифтанд.

Мақоми аввал дар вазни 75 килу намояндаи вилояти Хатлон — Сабир Ҷумъаев шуда ҷои дуюмро дар ин вазн Фирӯз Навбаҳоров аз ВМКБ гирифт. Ҷои сеюмро варзишкорони бадахшонӣ — Шавкат Хушдилов ва Хушрӯз Додихудоев гирифтанд.

Дар вазни 70 килу мақоми аввалро Салман Раҳмихудоев —намояндаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон гирифт. Ҷои дуюмро Самсон Сабралиев — намояндаи ҳамин вилоят ва мақоми сеюмро ҳам варзишкорони ВМКБ, Хоҷа Дарвозиев  ва Нозим Ҷонбозов аз худ карданд.

Летний турнир по футболу среди памирских таджиков в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Чаҳордаҳ даста барои дарёфти Ҷоми Рӯшон ва 60 ҳазор рубл рақобат мекунанд

Ғолиби вазни 65 килу Хайрандеши Муродзода аз вилояти Хатлон шуда, соҳиби мақоми дуюм Шамсиддин Куканбеков аз ВМКБ гардид. Ҷоми сеюмро ду кас- Сино Сафармамадов аз Бадахшон ва Асадулло Алиаҳмадов варзишкори душанбегӣ гирифтанд.

Мақоми аввал дар вазни 60 килу оид ба куштӣ насиби Сафарганҷ Қурбонбеков аз вилояти Бадахшон шуда ҷои дуюмро Далер Қурбонҷонов варзишкори ҳамин вилоят аз худ кард. Ҷои сеюм ҳам насиби намояндагони ВМКБ Афрӯзшоҳ Мирзошоев  ва Амриддин Куканбеков шуд.

Пирӯзӣ дар вазни 55 килу насиби намояндаи вилояти Хатлон — Сорбони Илҳом шуд. Мақоми дуюмро варзишкори ВМКБ — Самир Абдолбахтов аз худ кард. Ҷои сеюмро Искандарзода Ривоҷиддин аз Хатлон ва Фарорун Мирзошоев аз Бадахшон гирифтанд.

Ба иттилоъи манбаъ, дар фарҷом ба ғолибон дар баробари медалу ифтихорномаҳои Кумитаи тадорукот туҳфаҳои хотиравии сокинони ноҳияи Рӯшон низ супорида шуд.

Ин сабқат бо ибтикори Кумитаи варзиш ва мақомоти ноҳияи Рӯшон гузаронида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0