"Истиқлол" барои мухлисонаш афтобусҳои ройгон созмон дод

CC0 / Stocksnap / В салоне автобуса, архивное фото
В салоне автобуса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба иттилои сомонаи дастаи "Истиқлол", автобусҳо аз Душанбе ба Варзишгоҳи марказии Ҳисор раҳсипор гардида, аз се нуқтаи пойтахт - Маркази савдои «Садбарг», Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва бозори «Саховат» мухлисонро мегиранд. Автобусҳо соати 14-у 30 дақиқа ба роҳ мебароянд.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Раҳбарияти дастаи "Истиқлол"-и Душанбе тасмим гирифт, ки барои иштирок дар бозии финалии Ҷоми КФО-2017 бо дастаи "Эйр Форс"-и Ироқ, ки санаи 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад, барои мухлисон автобусҳои бепул ташкил мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи дастаи "Истиқлол", автобусҳо аз Душанбе ба Варзишгоҳи марказии Ҳисор раҳсипор гардида, аз се нуқтаи пойтахт — Маркази савдои "Садбарг", Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва бозори "Саховат" мухлисонро мегиранд. Автобусҳо соати 14-у 30 дақиқа ба роҳ мебароянд.

Ёдрас мекунем, ки бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 байни дастаҳои "Истиқлол" (Тоҷикистон) ва "Эйр Форс" (Ироқ) рӯзи 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 18:00 муқаррар шудааст.

Лентаи хабарҳо
0