Муштзанони Суғду Хатлону Бадахшон дар ноҳяи Ашт рақобат мекунанд

© SputnikОятулло Якубов и Билол Холов на боксерском турнире "Таджикистан vs Узбекистан"
Оятулло Якубов и Билол Холов на боксерском турнире Таджикистан vs Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи риштаи муштзанӣ, дастаҳои Душанбе-1,2, Хатлон-1,2, ВМКБ-1,2, як дастаи ноҳияҳои тобеи марказ ва ду дастаи вилояти Суғд байни ҳам рақобат мекунанд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, мусобиқа рӯзи 25 октябр оғоз шуда то 28 ҳамин моҳ идома хоҳад кард.

Ба иттилоъи манбаъ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи риштаи муштзанӣ, дастаҳои Душанбе-1,2, Хатлон-1,2, ВМКБ-1,2, як дастаи ноҳияҳои тобеи марказ ва ду дастаи вилояти Суғд байни ҳам рақобат мекунанд.

Дастаи Помир-Бадахшон - Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамонии бесобиқа: дастаи футболи ВМКБ дар сабқати ҷумҳуриявӣ пирӯз шуд

Ин сабқат дар Мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт байни ҷавонон ва наврасони соли таваллудашон 1997-1999 гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар маросими оғози мусобиқа намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Ҳалим Набиев ва роҳбарияти ноҳияи Ашт ширкат варзида, ба варзишгарон бурдборӣ таманно кардаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии куштии озод ва фарангӣ миёни ҷавонон баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ куштигирон аз Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Афғонистон ва вилоятҳои Тоҷикистон зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Ғолибони мусобиқа ҷоизаҳои ҳукумати вилояти Суғдро дарёфт хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0