Ҷоми футболи Тоҷикистон: "Истиқлол" бар "Помир" пирӯз шуд

© Фото : сайт ФФТМатч "Истиклол" - "Хосилот"
Матч Истиклол - Хосилот - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи футболи "Истиқлол" аз шаҳри Душанбе дар нахустин бозии даври ниманиҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон Бошгоҳи марказии варзишии Артиш "Помир"-ро 1 бар 0 шикаст дод

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши Федеросюни футболи Тоҷикистон, шаҳроварди ду дастаи пойтахтӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Футбольный матч, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзӣ: Футболбозони тоҷик Узбакистонро шикаст дода, ба Ҷоми Осиё роҳхат гирифтанд

Ягона голро дар ин бозӣ ҳамлагари дастаи футболи "Истиқлол" Дилшод Восиев дар 16-умин дақиқа аз ҷаримаи 11-метрӣ ба дарвозаи артишиёни "Помир" зад.

Дар ин шаҳровард дастае пирӯз хоҳад шуд, ки дар ҳар ду бозӣ ҳамовардашро шикаст диҳад.

Дувумин бозии дастаҳои БМВА "Помир" ва "Истиқлол" дар даври ниманиҳоӣ фардо, 21 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0