Паҳлавони тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков дубора қаҳрамони Русия шуд

© Пресс-служба Федерации дзюдо РоссииМахмадбек Махмадбеков - чемпион России по дзюдо в категории 66 кг среди юниоров
Махмадбек Махмадбеков - чемпион России по дзюдо в категории 66 кг среди юниоров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯзҳо дар шаҳри Иркутск мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Русия миёни варзишкорони навҷавон (то 21-сола) баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 26 ноября — Sputnik. Ҷудокори тоҷик Маҳмадбек Маҳмадбеков, ки дар шаҳри Иркутск зиндагӣ дорад, дар зӯрозмоиҳо дар вазни 66 килуграм бар ҳама ҳамовардонаш пирӯз шуд ва медоли тиллоро бар гардан овехт.

Сомон Махмадбеков, Чемпион Европы по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии Сомон Маҳмадбеков дар Ҷоми ҷаҳон барои Тоҷикистон

Ин дувумин бор аст, ки Маҳмадбек дарин вазн қаҳрамони ҷудои Русия мешавад. Вай порсол низ медоли тиллои ин мусобиқотро ба даст оварда буд.

Аммо ин пирӯзӣ барояш душвортар ба даст омад, зеро дар майдони худ ҳунарнамоӣ мекард.

"Росташро бигӯям, тарс доштам. Сахт метарсидам, ки дар пеши чашми ҳамшаҳриёнам, хешовандонам, дӯстону устодонам дар ин зӯрозмоӣ шикаст ёбам… Аз ин рӯ, беш аз ҳадд эҳтиёркорӣ кардам", — гуфтааст Маҳмадбек дар мусоҳиба бо хабарнигорон.

Вале ин "эҳтиёткорӣ" монеъ нашуд, ки Маҳмадбек дар роҳи ба даст овардани медоли тилло се набард аз чаҳорторо бо "иппон" ба поён бирасонад. Дар набарди ниҳоӣ ӯ ҷудокори тюменӣ Иван Чернихро низ ба пушт бар замин хобонд ва дубора қаҳрамони ҷудои Русия дар миёни навҷавонон шуд.

© Фото : Пресс-служба Федерации дзюдо РоссииМахмадбек Махмадбеков - чемпион России по дзюдо в категории 66 кг среди юниоров
Махмадбек Махмадбеков - чемпион России по дзюдо в категории 66 кг среди юниоров - Sputnik Тоҷикистон
Махмадбек Махмадбеков - чемпион России по дзюдо в категории 66 кг среди юниоров

Гуфтанист, Маҳмадбек писари амаки Сомон Маҳмадбеков аст, ки  имсол медали биринҷии қаҳрамонии ҷудои ҷавононро ба Тоҷикистон овард. 

Он нахустин медали чунин сабқат дар торихи ҷудо миёни ҷавонон барои Тоҷикистон аст.

Лентаи хабарҳо
0