Алишер Усмонов аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ хост варзишкорони покбозро ба орзӯяшон бирасонад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкАлишер Усманов, архивное фото
Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин сармоядори узбактабори Русия дар номаи саркушодааш ба раиси КБО аз мушкилоте гуфтааст, ки дар паи тасмими Кумитаи байналмилалии олимпӣ барои варзишкорони "покбоз" пеш хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Алишер Усмонов, раиси Федеросюни байналмилалии шамшербозӣ, ба раиси КБО Томас Бах ва муовинону дигар масъулини Кумитаи иҷроии КБО номаи саркушода навиштааст.

"Ман ин номаро на чун раиси Федеросюни байналмилалии шамшербозӣ, балки пеш аз ҳама чун шаҳрванди Русия ва касе, ки хидмат ба идеолҳои олимпӣ аз муҳимтарин аҳдофи зиндагияш аст, менависам", — гуфтовард карда онро рӯзномаи русии "Комсомольская правда".

Усмонов дар ин нома гуфтааст, ки тасмими КБО варзишкорони "покбоз" аз Русия ва дигар кишварҳоро дар шароити нобаробар қарор медиҳад.

Вай аз раҳбарони КБО дархост кардааст "иҷоза диҳанд, ки варзишкорони русие, ки дар мусобиқоти Олимпиади соли 2018 пирӯз мешаванд, ба авҷи орзӯҳои варзишии худ бирасанд ва парчами Меҳанашонро дар осмони Пҳёнчҳан барафрошта бибинанд".

Алишер Усманов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Алишер Усмонов гуфт, ки чӣ гуна ба Мирзиёев кӯмак хоҳад кард

Ёдоварӣ мекунем, ки Кумитаи иҷроии Кумитаи байналмилалии олимпӣ тасмим гирифта Кумитаи миллии олимпии Русияро аз ширкат дар Олимпиади зимистона дар Куреи Ҷанубӣ маҳрум кунад ва танҳо варзишкорони "покбоз", яъне варзишкоронеро, ки аз доруҳои зӯрафзо истифода накардаанд, иҷоза диҳад, ки зери парчами олимпӣ дар Бозиҳои Пҳёнчҳан ширкат кунанд.

Русия тасмимаш дар бораи ширкат дар Бозиҳои олимпии 2018-ро бояд 12 декабр эълом кунад.

Лентаи хабарҳо
0