Эмомалӣ Раҳмон аз 25 варзишкор бо ҷоиза арҷгузорӣ кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон встретился с чемпионом ОИ Дильшодом Назаровым
Эмомали Рахмон встретился с чемпионом ОИ Дильшодом Назаровым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷмҳури Тоҷикистон амр карда, ки 25 варзишкор ва муррабиёнашон бо ҷоизаҳои нақдӣ тақдир шаванд

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз варзишкороне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2017 пирӯз шудаву медол овардаанд, бо ҷоизаҳои нақдӣ арҷгузорӣ кард.

Бино ба амри раисҷумҳур Раҳмон барои арҷгузорӣ аз ин варзишкорон ва муррабиёнашон 653 ҳазору 750 сомонӣ ихтисос дода шудааст.

Яке аз ин варзишкорон Дилшод Назаров аст, ки барои медоли тилло аз Қаҳрамонии гурзандозии Осиё 75 ҳазор сомонӣ дарёфт кардааст. Аз ин маблағ 15 ҳазор сомонӣ ба муррабияш таъаллуқ хоҳад дошт.

Турнир по самбо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии таърихӣ: Беҳрӯз Хоҷазода қаҳрамони ҷаҳон шуд

Ҳамин гуна ҷоизаро Комроншоҳ Устопириён низ дарёфт мекунад, ки медоли тиллои Қаҳрамони ҷудои Осиёро ба даст оварда буд.

Дар миёни дарёфткунандагони Ҷоизаи кишвардори Тоҷикистон 16 варзишкор дар 6 риштаи олимпӣ, аз он ҷумла 11 ҷудокор ва якеӣ варзишкор дар риштаҳои даву майдонӣ, куштии фарангӣ, муштзанӣ, каратэ-до, қаиқронӣ ва ҳамчунин 5 самбокор ва 3 ҷиу-ҷитсукор ҳастанд.

Маблағи Ҷоизаи кишвардори Тоҷикистон мутаносиб бо дастовардҳои варзишкорон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё аз 6 ҳазору 250 сомонӣ то 75 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 

Лентаи хабарҳо
0