Тоҷикони Ню-Йорк дар паради форсизабонон

© Фото : Nazir AbbasПерсидский парад в Нью-Йорке
Персидский парад в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикони муқими Ню-Йорк таҳти навои мағруб ҳамроҳи намояндагони дигар кишварҳо рақскунон аз кӯчаҳои марказии ин шаҳр гузашт карданд

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар Ню-Йорк чун ҳамасола паради 14-умин баргузор шуд.

Дар гузашт намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ширкат карданд. Духтарон ва писарон дар тан пироҳанҳои миллӣ бо рақсу суруд аз кӯчаҳои ин шаҳр гузаштанд.

Публикация от New York Persian Parade (@persianparadeny) Апр 30 2017 в 9:51 PDT

 

Чорабинӣ аз ҷиҳати миқёс ҳамто надошт. Аз ду тараф роҳҳо банд карда шуда, намоядагони миллатҳои гуногун таҳти навои марғуб рақсҳои миллии худро иҷро мекарданд.

 

Садои баланди мусиқӣ дар кӯчаҳои Манхетэн сокинони маҳаҳллиро ба парад ҷалб кард. Барои худи иштирокчиён бошад парад ба як ҷашни бузург таабдил ёфт.

 

Тоҷикистонро дар ин чорабинии фарҳангӣ 40 нафар муаррифӣ карданд. Тоҷикони Ню-Йорк вазифаҳоро тақсим карда, духтарон дар бахши рақс ва писарон дар бахши сурудонӣ буданд.

Дар байни тоҷикони фаъоли Ню-Йорк Шаҳноз Эроншо, ки ҳамакнун миёни аксарият шӯҳрат пайдо кардааст буд. Ӯ соли гузашта, дар бахши либосҳои миллӣ дар озмуни ҷаҳонии "Мисс ООн" ғолиб дониста шуд. "Мо як моҳ пеш ба ин парад омодагӣ дидем. Либосҳо ва мусиқиро қаблан интихоб кардем. Ин ҷашн яке аз идҳоест, ки мо метавонем дар Ню-Йрк фарҳанги худро намоиш диҳем",-гуфт Шаҳноз Эроншо дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки соли чорум  мешавад, ки ӯ дар  паради форсизабонон ширкат мекунад. Диққати тамошобинонро махсусан кӯдакон бо либосҳои миллӣ ба худ ҷалб мекард.Ҳамаи амрикоӣ бо аксбардорҳояшон ҷамъ шуда, бо ҳайрат ҳамаро аксбардорӣ мекарданд. 

© Фото : Nazir AbbasПаради форсизабонон дар Ню-Йорк
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
1/5
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк
© Фото : Nazir AbbasПаради форсизабонон дар Ню-Йорк
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
2/5
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк
© Фото : Nazir AbbasПаради форсизабонон дар Ню-Йорк
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
3/5
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк
© Фото : Nazir AbbasПаради форсизабонон дар Ню-Йорк
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
4/5
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк
© Фото : Nazir AbbasПаради форсизабонон дар Ню-Йорк
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
5/5
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк
1/5
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк
2/5
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк
3/5
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк
4/5
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк
5/5
Паради форсизабонон дар Ню-Йорк
Аввалин бор паради форсизабонон дар Ню-Йорк соли 2004-ум аз ҷониби муҳоҷирони эронӣ баргузор шуд. Маъмулан ин чорабинӣ миёнҳои моҳи апрел гузаронида мешавад, вале имсол онро охири ин моҳ баргузор карданд.

© Фото : Nazir AbbasПерсидский парад в Нью-Йорке, архивное фото
Персидский парад в Нью-Йорке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Персидский парад в Нью-Йорке, архивное фото

 

Лентаи хабарҳо
0