Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод

© AP / Armando FrancaКриштиано Рональдо дает автограф, архивное фото
Криштиано Рональдо дает автограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Криштиану Роналду зз миёни чанд сад футболдӯст танҳо ба варзишгари тоҷик Руслан Ҷафоев соядасташро дод

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Як варзишкори ҷавони тоҷик ба орӯзи деринааш — дидор бо Криштиану Роналду ва гирифтани соядаст аз ӯ расид.

Руслан Ҷафоев сафари дастаи Португалия ва шахсан Криштиану Роналдуро ба Маскав дар интернет пайгирӣ карда, ҳатто реҷаи тамринҳояшонро аз худ карааст.

Фарзона Ақназарова - Sputnik Тоҷикистон
Гурдофариди тоҷик: дар Тоҷикистон ояндае барои футболи занона надидам

"Ман хабар ёфтам, ки шоми 20 июн дастаи Португалия пас аз тамрин ба меҳмонхонаи "Монарх" дар Маскав бар мегардад. Барои дидори ӯ рафтам, вале ба чунин сурат гирифтани кор бовар надоштам", — мегӯяд ӯ.

Бозгашти бозигарони дастаи Португалияро аз варзишгоҳ камубеш 300 мухлис интизор буданд. Вале Криштиану танҳо ба Руслан Ҷафоев соядаст дод.

"Вақте онҳо наздик омаданд, ман Криштиануро дидаму садояш кардам. Ӯ дар ҳол ба назди ман омаду дар тӯбе, ки дастам буд, имзояшро гузошт ва баргашта рафт", — гуфт бо ҳаяҷон Руслан дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

© Фото : Руслан ҶафоевИмзои Кригтиану Роналду дар тӯби Руслан Ҷафоев
Имзои Кригтиану Роналду дар тӯби Руслан Ҷафоев - Sputnik Тоҷикистон
Имзои Кригтиану Роналду дар тӯби Руслан Ҷафоев

"Ман бештар на аз дарёфти имзои Криштиану, балки аз ин шигифтзада шудам, ки вай танҳо ба ман соядасташро дод", — афзуд Руслан.

Вақте аз Руслан таъассуроташро аз ин рухдод ҷӯё шудем, кӯтоҳакак посух дод, ки "он лаҳза худро дар осмони ҳафтум эҳсос кардам".

Яке аз шабакаҳои телевизионии Русия низ аз имзо додани Роналду ба Руслан огоҳ шудаву дар бораи вай гузорише таҳия карда, ки рӯзи шанбе аз шабакаи "Москва-24" намоиш дода хоҳад шуд.

© Фото : Аз бойгонии Аброр БоймамадовРуслан Ҷафоев
Руслан Ҷафоев - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Руслан Ҷафоев
© Фото : Руслан ҶафоевРуслан Ҷафоев бо имзои Криштиану Роналду
Руслан Ҷафоев бо имзои Криштиану Роналду - Sputnik Тоҷикистон
2/4
Руслан Ҷафоев бо имзои Криштиану Роналду
© Фото : Аз бойгонии Аброр БоймамадовРуслан Ҷафоев
Руслан Ҷафоев - Sputnik Тоҷикистон
3/4
Руслан Ҷафоев
© Фото : Руслан ҶафоевИмзои Криштиану Роналду дар тӯби Руслан Ҷафоев
Имзои Криштиану Роналду дар тӯби Руслан Ҷафоев - Sputnik Тоҷикистон
4/4
Имзои Криштиану Роналду дар тӯби Руслан Ҷафоев
1/4
Руслан Ҷафоев
2/4
Руслан Ҷафоев бо имзои Криштиану Роналду
3/4
Руслан Ҷафоев
4/4
Имзои Криштиану Роналду дар тӯби Руслан Ҷафоев

Ба гуфти Руслан, Криштиану Роналду ҳам равиши нотакрори футболбозӣ дорад ва ҳам чисман обутобёфта аст, аз ин рӯ вай ҳамлагари дастаи Португалияро барои худ қаҳрамон писандидааст.

Руслан худ ҳам аз хурдсолӣ футболбоз аст ва дар навҷавонӣ бозикуни дастаи "Истиқлол" буд. Вале пас аз хатми мактаб ба Русия омаду инҷо барқкориро аз худ кард ва акнун дар сохтмон кор мекунад. Аммо ҳамчунон аз футбол дур нашуда ва ҳамакнун бо дастаи "Боми ҷаҳон" дар мусобиқоти "Ҷоми Оқохон" ширкат дорад ва ба даври чорякниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфтааст.

Ӯ ба пирӯзии дастааш дар ин мусобиқот бовар дорад.

"Ҳадафи мо ба даст овардани "Ҷоми Оқохон" аст", — таъкид кард Руслан.

Вай орзӯ дорад чун Криштиану Роналду футболбози номӣ шавад. Шояд дарёфти имзо аз машҳуртарин футболбози ҷаҳон паёме аз номдор шудани қаҳрамони мо дар оянда бошад?

Орзумандем Руслан дар зиндагӣ ва варзиш комёб шавад.

Лентаи хабарҳо
0