Мактаб. Акс аз бойгонӣ

Олимпиада дар Маскав: созмони "Нур" дониши фарзандони муҳоҷиронро месанҷад

665
(Таҷдидшуда 20:05 11.10.2017)
Нахустин бор дар Маскав барои кӯдакони муҳоҷирон олимпиадаи мактабӣ гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Созмони "Нур" барои фарзандони муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Маскав олимпиадаи мактабӣ баргузор мекунад.

Дар ин бора яке аз баргузоркунандгони ин озмун ва ҳамзамон корманди созмони "Нур" Карамшо Мамаднасимов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Вай гуфт, дар ин олимпиада донишомӯзон аз синҳои 5 то 11 дониши худро дар фаннҳои математика, алгебра, геометрия, физика, химия ва информатика хоҳанд санҷид.

Даври аввали олимпиада аз фанни математика рӯзи 15 октябр баргузор мешавад. Олимпиада наздики як моҳ (аз 15 октябр то 5 ноябр) давом карда рӯзҳои истироҳатӣ гузаронида мешавад.

Ба гуфти Карамшо Мамаднасимов, то имрӯз беш аз 112 донишомӯз дархости ширкат дар ин олимпиадаро додааст. Бино ба иттилоъи баргузоркунандагони олимпиада, аксари дархосткардагон донишомӯзони синфҳои 5, 6 ва 7 ҳастанд. Шумори донишомӯзони синфҳои болоӣ нисбатан камтар аст.

Олимпиада дар Маскав
© Фото: Аз созмони "Нур"
Олимпиада дар Маскав

Имсол олимпиада танҳо барои дониомӯзони синфҳои 5 то 11 баргузор мешавад, вале созмон дар нақша дорад, ки дар оянда густараашро фарохтар кунад ва донишомӯзони синфҳои 1 то 4-ро ҳам дар бар гирад.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслӣ аз баргузории ин олимпиада санҷиши дониш ва шиносоии гароиши кӯдакон ба фаннҳо аст.

"Ин нахустин олимпиада аст ва мо мехоҳем ба таври куллӣ гароиши кӯдаконро ба ин ё он фанн шиносоӣ кунем. Онҳоро барои ширкат дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва санҷишҳои бузургтар омода кунем", — гуфт Мамаднасимов.

Вай афзуд, ки на ҳар падару модаре, ки дар Маскав бештари вақташон дар кор мегузарад, барои муайян кардани донишу гароиши фарзандони худ ва омода карданашон барои ширкат дар олимпиадаҳо вақт меёбанду ба ин кор машғул мешаванд. Аз ин рӯ, созмони "Нур" дар назар дорад, ки пас аз санҷишу шиносоии гароиши донишомӯзон барояшон давраҳои омӯзишӣ дар он риштаҳо роҳандозӣ кунад.

Ба гуфти Карамшо Мамаднасимов, дар Маскав олимпиадаҳои бисёре баргузор мешаванд, вале ба назар мерасад, ки кӯдакони тоҷик дар онҳо кам ширкат мекунанд. Бино бар ин, созмони "Нур" мехоҳад кӯдаконро аз ҳамин акнун барои олимпиадаҳои шаҳриву кишварӣ ва байналмилалӣ омода кунад.

Дар ин олимпиада дониши хонандагон бо баргузории озмунҳо санҷида мешавад. Ба хотири шаффофият озмунҳоро созмони вижае омода карда ва дониши кӯдаконро омӯзгорони рус аз дигар муассисаҳо арзёбӣ хоҳанд кард.

Ба гуфти ин намояндаи созмони "Нур", чун соли хониш тоза оғоз шудааст, дониши хонандагон аз рӯи барномаи соли гузашта санҷида мешавад.

Барои ғолибони озмун ҷоизаҳои ғайриоддӣ омода шудаанд. Донишомӯзоне, ки мақоми аввал, дувум ва севумро ба даст меоранд, дипломи созмони "Нур" ва билет ба консертеро дарёфт мекунанд, ки 12 ноябр ба муносибати 60-умин солгарди имомати шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ё "Ҷашни Алмосӣ" баргузор мешавад. Дар ин консерт 35 овозхон аз чандин кишвар, аз ҷумла гурӯҳи номдори "Шамс", ширкат хоҳанд кард. Барои дигар ширкаткунандагон бастаҳои ширинӣ ва нишони "Ҷашни Алмосӣ" ҷоиза дода мешавад.

665
Барчаспҳо:
олимпиада, санҷиш, Созмони "Нур", Русия, Маскав