Аз Хоруғ то Маскав: роҳи ҳунарии Самад Мансуров

© Sputnik / Владимир АстапковичАктер Самад Мансуров, архивное фото
Актер Самад Мансуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Самад Мансуров пас аз таҳсил дар Донишгоҳи синемоии Герасимов (ВГИК) дар Маскав ба Тоҷикистон бар гашту чанде дар Театри Маяковский ҳунарнамоӣ кард, вале боз ба Русия омаду инак 15 сол боз дар театри "Бенефис" нақш меофарад

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik, Илона Ярош. Сохтмони дуошёнаву дилкаше дар яке аз канораҳои шаҳри Маскав ҳеч монандие ба театр надорад. Агар эълони намоишномаҳо намебуд, пай бурдан ба "ҳузури" ҳунармандон дар ин макон бисёр душвор мебуд.

Театри драматики "Бенефис" ба раҳбарии Анна Неровная 29 сол боз фаъолият дораду 15 сол боз дар ин намоишсаро ҳунарманди тоҷик Самад Мансуров ҳунарнамоӣ мекунад, ки лутф кардаву хабарнигори Sputnik-ро ба яке аз намоишҳояш даъват кард.

Имрӯз дар театри "Бенефис" намоишномаи "Омӯзгори кимиё" иҷро мешавад. Он ҳолу ҳавои омӯзгори фанни кимиё Федор Ивановичро ба намоиш мегузорад, ки солҳост дар хаёлаш донишомӯзи идеолиеро офаридаву омаданаш ба мактабро ҳар рӯз интизор аст. Вале ин донишомӯз ҳеч ба мактаб намеояду саранҷом омӯзгор аз ақл бегона мешавад.

© Sputnik / Владимир АстапковичАктер Самад Мансуров, архивное фото
Актер Самад Мансуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Актер Самад Мансуров, архивное фото

Фазои хонавода

Самад хоҳиш кард, ки ним соат пештар аз оғози намоиш дар театр бошам. Ӯ даъватномаҳоро омода ва ба дасти нигаҳбон додааст. Нигаҳбони театр хонуми хушандоме буда, ки назди дари театр нишаста ва гурбае ҳамроҳаш буд, ки ба рафту омади меҳмонон кайҳо одат кардаву аз касе тарсу ҳаросе надошт.

"Бале, бале, Самад дар бораи Шумо гуфта буд", — гуфт бо лабханд нигаҳбон.

Ӯ ҳануз суханашро ба поён нарасонда буд, ки худи ҳунарманд низ аз зинаҳо поён омад. Ногуфта намонад, ки дидор бо Самад вохӯрӣ бо дӯсти деринаеро мемонад: хиҷолат ва расмиёт аз байн мераваду вақт бо суҳбати хеле хушу гуворо мегузарад.

То оғози намоишнома каме вақт монда буду Самад пешниҳод кард қаҳвае бихӯраму аз театр боздид кунам ва худ паси саҳна рафт. Пешниҳодашро пазируфтаму аз театр боздид кардам ва меҳмононро мушоҳида намудам.

Тамошонбинон гуногунанд: нигоҳамро ҷуфти пиронсоле ҷалб кард, ки сари як пиёла чой нишастаанд ва донишҷӯёни донишгоҳи пизишкӣ, ки ба тамошои намоишнома омадаанд ва ҷавоне, ки ба модараш занг задаву мегӯяд, ки боз ба театри "Бенефис" омадааст. Каме дертар ба даҳлез гурӯҳи донишомӯзон ворид мешавад, вале онҳоро иҷозаи вуруд ба намоишнома намедиҳанд, зеро намоишномаи "Муаллими кимиё" барои тамошобинони калонтар аз 16-сола пешбинӣ шудааст.

Тамошобинонро бо занги дувум ба толор мехонанд. Толор даҳ рада ва камобеш 100 сандалӣ дорад. Фазои театр мисли хонавода аст, аз ҳар гӯшаи он саҳна ба хубӣ намоён аст.

Ҳунарманде, ки бовараш мекунӣ

Тамошобинонро ҳунармандон дар саҳна интизоранд. Бархе аз онҳо нишаста ва бархе дар дохили чорчӯбе беҳаракат истодаанд. Ин намоишнома куллан аз хотирот иборат аст. Достон аз забони як духтар бозгӯ мешавад, ки дар бораи ҳамсинфонаш — пудорбачае, ҳакери гӯшанишине, ду рафиқи нобакор, дугонаҳои мӯддӯст, ки дар орзуи ёфтани шоҳзода ҳастанд, духтари аълохоне ва нашъаманд, нақл мекунад.

© Sputnik / Владимир АстапковичАктер Самад Мансуров, архивное фото
Актер Самад Мансуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Актер Самад Мансуров, архивное фото

Бачаҳо ин духтари достонгӯйро дар гурӯҳи худ намепазиранд ва ӯро масхара мекунанд: ӯро дашном медиҳанду гоҳе ҳатто лату кӯб ҳам мекунанд.

Ӯ ҳамчунин омӯзгоронашро ба ёд меорад: муаллими худкомаи таърихро, муаллимаи асабии зистшиносиро, муаллими маҷнунранги кимиёро, ки орзу дорад дар мактаби хурди деҳа донишмандеро ба воя расонад. Нақши муаллими кимиёро, ки яке аз чеҳраҳои асосист, Самад Мансуров бозӣ мекунад.

© Sputnik / Владимир АстапковичАктер Самад Мансуров, архивное фото
Актер Самад Мансуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Актер Самад Мансуров, архивное фото

Дар давоми яку ним соат қаҳрамон роҳи инсони хаёлпарастро то маҷнунӣ тай мекунад: ӯ пеши шогирдонаш обрӯе надорад ва ҳатто боре аз яке аз онҳо мушти обдоре ҳам хӯрдааст. Ҳунарманд вазифаи мушкилеро  пеши худ гузошта аст — намоиши воқеъияти имрӯза, чаҳорчӯби вайроншудаи одобу рафтор, бетарбиятӣ ва гум шудани арзишҳои фарҳангӣ.

То поёни намоиш чанде аз шогирдон деҳаро ба қасди шаҳр тарк мекунанд, дигаре хонавода барпо мекунад, сеюмӣ ба парвариши кӯдакон машғул мешавад, яке мемирад, аммо қаҳрамони Самад Мансуров ақлашро гум мекунад. Абатта чунин намоишнома заҳмати бисёреро талаб мекунад ва Самад Мансуров тавонист то поён бо нерӯи тоза нақш офарад. Ба ӯ нигоҳ карда ба қаҳрамонаш бовар мекунӣ, дар баъзе лаҳзаҳо ӯ хеле самимӣ менамояд.

"Омӯзгори кимиё" намоишномаи оддӣ нест. Ин намошинома муосир асту бинандаро водор ба фикру андеша мекунад. Аксари тамошобинон онро наздик ба фазои мактаби худ қабул карданд.

© Sputnik / Владимир АстапковичАктер Самад Мансуров, архивное фото
Актер Самад Мансуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Актер Самад Мансуров, архивное фото

Вақте намоишнома поён ёфт, Самад хоҳиш кард, ки ӯро дар толор интизор шавам. Толор холӣ шуд, тамошобинон ба хонаҳояш рафтанд, чанде аз коргарон саҳнаро рӯбучин мекарданд. Ҳунарманд пас аз чанд дақиқае ҳозир мешавад. Ҳарчанд намоиш якуним соат давом кард, аммо Самад Мансуров ҳамчунон тозанафас менамояд ва бо ихлоси тамом ба саволҳо ҷавоб мегӯяд.

Аз театри Тоҷикистон ба театри Русия

Самад Мансуров дар хонаводаи ҳунарпешаҳо дар шаҳи Хоруғ ба дунё омадааст. Хонаводааш помиризабон аст, вале волидон қарор додаанд, ки Самад дар мактаби русӣ таҳсил кунад. Дар чунин мактабҳо забони тоҷикӣ чун забоин дувум дарс дода мешавад. Самад кӯдаке шармгин буда ва камтар дар саҳна ҳунарнамоӣ мекардаву орзӯ ҳам надошта, ки замоне ҳунарпеша мешавад. Модараш ҳарчанд худ ҳунарпеша буда, вале ҳамеша мехоста ӯро аз ин роҳ дур нигаҳ дорад. Пас аз хатми мактаб Самад Мансуров донишҷӯи Омӯзишгоҳи халабонии шаҳрвандӣ дар Қирғизистон шуд.

Сёра Сафари, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сайёра Сафарӣ: ҳаргиз бо ҳампешагонам роман надоштам

"Он бисёре аз ҷавонон мехостанд халабон шаванд ва ман ин ҷавву эҳсос маро ҳам фаро гирифта буд. Аммо пас аз як сол донистам, ки халабонӣ орзуям нест. ягона дилгармиям ин буд, ки дар бошгоҳи ҳунарии омӯзишгоҳамон гитор менавохтам", — ба ёд меорад ҳунарпеша.

Пас аз соли аввал Самадро ба хидмати сарбозӣ бурданд.

Сарбозиро ба поён бурда Мансуров ба Ватан боз гашт. Ин замоне буд, ки раҳбарии ВГИК-ро Михаил Глузский бар уҳда дошт ва дар саросари Тоҷикистон донишҷӯ меҷуст. Мансур қарор дод, ки бахти худро биозмояд.

"Михаил Глузский ба Тоҷикистон омад. Ҳамаро аз омадани онҳо ва интихоби донишҷӯён барои донишгоҳ пешакӣ огоҳ карда буданд. Хоҳишмандон хеле зиёд буданд. Чунин рухдод дар 15 сол як бор мешавад", — шарҳ дод Мансуров.

Интихоби донишҷӯён ҳафтае давом кард. Шумораи хоҳишмандон беохир буд: мардум аз саросари кишвар омада буданд. Мансуров дар рӯзи чаҳорум ба озмун рафту дар назди комиссия ба забони русӣ шеър қироат кард. Дар умум 14 касро барои таҳсил дар Маскав интихоб карданд. Миёни онҳо ҳунаманди театри "Бенефис" ҳам буд.

Пас аз хатми донишгоҳ Мансуров ба Тоҷикистон бозгашту дар театри Маяковский ба кор оғоз кард, вале пас аз се сол ҳунарманд дарк кард, ки бояд марзҳоро васеътар кард.

"Ва ман боз ба Маскав омадам. Ҳамроҳи ҳамкурсам, ки мехост дар театри "Бенефис" ба кор дарояд омадему чунин шуд, ки маро гирифтанду ӯро не", — нақл мекунад Мансуров.

15 соли баъд то имрӯз Самад Мансуров дар ин театр кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар "Бенефис" худро чун дар хона эҳсос мекунад.

"Баро ман кор дар ин ҷо бисёр осон аст, ман метавонам пурра эҳсосотамро идора кунаму коре ки аз дастам меояд намоиш бидиҳам. Ин ҷо саҳнаи хурд аст, мактаби ВГИК, ки бештар барои кино ҳунарманд омода мекунад, маро барои кор дар фазои хурд омода карда буд", — қайд мекунад ҳунарманд.

Ҳангоми суҳбат дар бораи театр Самад бо табассум ва гармӣ аз он мегӯяд, маълум аст, ки аз фаъолият бо ҳунармандони ин ҷо ифтихор дорад.

Намоишномаҳои дӯстдошта, филмҳо ва ёди Тоҷикистон

Самад мегӯяд, ки дар тӯли 16 сол барномаи театрӣ иваз шудааст. Дар ин замон ҳунарманд дар 5-6 намоишномаҳо нақш офаридааст, вале намоишномаи дӯстдоштааш-"Муаллими кимиё" мебошад.

© Sputnik / Владимир АстапковичАктер Самад Мансуров, архивное фото
Актер Самад Мансуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Актер Самад Мансуров, архивное фото

"Муаллими кимиё" ба ман хеле наздик аст. Шояд ин таъсири синну сол бошад, вақте мебинӣ, ки атрофат дигаргун мешавад. Ин муқовимати наслҳо аст. Дар аввал ман ин нашқро дӯст надоштам, вале акнун чаҳор сол мешавад, ки ман ин нашқро мебозаму ба он дода шудам", — мегӯяд ҳунарманд.

Ғайр аз театр Мансуров дар филмҳо ҳам нақш меофарад. Ӯ дар даҳҳо филм нақшофарӣ кардааст. Ҳунаманд мегӯяд, ки ба интихоби нашқ ҷиддӣ муносибат мекунад ва на ҳар пешниҳодеро қабул дорад.

"Аксаран ба ман нақши симои қаҳрамони манфӣ аз Осиёи Марказиро пешниҳод мекунанд-ман розӣ намешавам, намехоҳам симои манфии Осиёи Марказиро бисозам", — шарҳ медиҳад Самад.

Ман мепурсам ҳастанд ҳунармандоне, ки мехоҳад монандашон бошад. Самад пас аз лаҳзае ҷавоб медиҳад: "Миронов! Ӯ барои ман намунаи беҳтарин истеъдод аст".

Худи Самад нақши тамошобинро кам "меофарад", вале қайд мекунад, ки театри Тоҷикистону Русия дар ҳоли тағйирёбист ва тамошобин интихоби бузург дорад.

"Театри тоҷик хеле зуд рушд мекунад. Ҳатто замоне, ки ман дар Душанбе кор мекардам, мо намоишномаҳои хуб ба саҳна мегузоштем. Норасоиҳо ҳам албатта ҳаст: озодӣ он ҷо камтар аст. Медонед, чуноне мегӯянд Восток-дело тонкое", —бовар дорад Мансуров.

Ӯ афсӯс мехӯрад, ки дар Тоҷикистон соҳибкасбон кам ҳастанд. Модари Самад то ҳол дар театр фаъолият мекунад, вале аз миёни ҳамкурсонаш танҳо панҷ кас ба Тоҷикистон баргаштааст.

"Мо ҷавонони боистеъдод зиёд дорем. Бо шарофати онҳо ҳунари театр ҳич гоҳ намемирад".

Дар давоми суҳбат дарк мешавад, ки Самад хеле пазмони Тоҷикистон шудаст. Ӯ аҳли хонаводаашро, ки дар Тоҷикистон ҳастанд сахт пазмон шудаасту аз кӯдакияш хотираҳои зиёд дорад.

"Душанбеи сабзро хеле пазмон шудаам. Албаттта пойтахт имрӯзҳо тағйир ёфтааст, вале ба ҷониби мусбат: зиндагӣ тағйир меёбад ва мо ҳамроҳи он", — қайд мекунад Мансуров.

Суҳбат анҷом мепазираду мо ба даҳлез мебароем. Самад Мансуров бо табассуми кушод маро гусел мекунаду мегӯяд: "Албатта боз биёед. театр зинда ҳаст ва муштоқи дидори тамошобин".

Лентаи хабарҳо
0