Оё донишҷӯёни тоҷик бесаводанд? посухи Аминҷон Абдураҳимов

© Facebook / Аминджон АбдурахимовАминджон Абдурахимов, глава "Молодежного общества студентов Таджикистана в Санкт-Петербурге" (МОСТ)
Аминджон Абдурахимов, глава Молодежного общества студентов Таджикистана в Санкт-Петербурге (МОСТ) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба ҳар коре, ки даст задам муваффақ шудам. Аммо муҳимтар бароям ин аст, ки ҳаргиз аз пурсидан наметарсидам ва ҳамвора донишамро такмил мекардам, мегӯяд роҳбари Созмони иҷтимоъии донишҷӯёни тоҷик

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Дар вопасин рӯзҳои соли гузашта дар Донишгоҳи кишоварзии Воронеж ҷанҷоле сар зад, ки Тоҷикистонро ҳам такон дод.

Устоди ин донишгоҳ Алексей Шапошник дар Фейсбук паёме навишту аз камбуди дониши донишҷӯёни тоҷик шикоят кард, ки ба одитарин талаботи донишгоҳҳои Русия ҷавобгӯ нестанд. Вай иддиъо дошт, ки бурсияҳое, ки Русия барои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ ҷудо мекунад, ҷои довталабони русро ба бегонагон медиҳанд.

Ин иддиъои профессор дар Фейсбук ва расонаҳои Русия вокунишҳои густарда дар пай дошт. Саранҷом Шапошников сафҳаашро дар шабакаи иҷтимоъӣ баст. Аммо ин изҳороти вай суолеро матраҳ кард, ки гуфтаҳои профессор то куҷо эҳсосӣ буданд ва то куҷо ҳақиқат доштанд?

Sputnik Тоҷикистон дар пайгирии ин мавзуъ бо яке аз донишҷӯёни фаъоли тоҷик дар Русия, роҳбари Созмони иҷтимоъии донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург Аминҷон Абдураҳимов суҳбат кард.

— Аминҷон, Шумо ҳам бо бурсияи Русия ба донишгоҳ дохил шудед?

— Бале, ман ҳам бо бурсияи Русия ба Донишгоҳи мухобиротии шаҳри Санкт-Петербург дохил шудам. Аммо ҳангоми имтиҳон ҳеч имтиёз надоштам ва шаш имтиҳон супурдам. Ҳоло донишҷӯи соли якум дар бахши магистратура дар риштаи коршиносии фановариҳои иттилоъотӣ ҳастам, ки бе ҳеч бурсия тавонистам чун дигар донишҷӯён ба бахши будҷаӣ дохил шавам.

— Шумо чи посухе ба гуфтаҳои профессор Алексей Шапошник доред?

— Ростӣ гап, ман то ҳол дар Русия донишҷӯеро дучор нашудаам, ки то ин дараҷа бесавод бошад. Медонам, ки ҳама аълохон нестанд, аммо бовар дорам, онҳое, ки тавонистанд бо пас додани ин ё он имтиҳон донишҷӯ шаванд, ҳатман донише доранд. Фаъол будани донишҷӯёни тоҷик, пирӯзии онҳо дар озмунҳои Русия ва байналмилалӣ далели гуфтаҳоям аст. Ман метавонам ҳазорҳо касро номбар кунам.

— Чигуна бо донишҷӯёни тоҷик дар Русия ҳамкорӣ ба роҳ мемонед?

— То ҷое, ки ман медонам, дар шаҳри Санкт-Петербург камобеш 1000 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунад. Мо кӯшиш мекунем, ки дар барномаҳое Тоҷикистонро муаррифӣ кунем. Аслан, дар созмони мо ҷавонони фаъол бисёранд, лекин гоҳе пеш меояд, ки касоне аз онҳо намехоҳанд дар ҳеч барномае ширкат кунанд. Фикр мекунам, ин ба хоҳиши худи онҳо вобаста аст.

— Ба фикри Шумо, ҷавонони тоҷике, ки таҳсил дар хориҷаро ихтиёр кардаанд, бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд?

— Чуноне мебинед, ман забони русиро хуб балад ҳастам. Зеро чанд соли поёнии таҳсилро дар мактаби русӣ хондаам. Аммо дар гуфторам лаҳҷа дорам. Манзурам ин аст, ки ҳангоми таҳсил дар хориҷа, ҳар касе метавонад бо мушкили забон дар ин ё он дараҷа дучор шавад. Дигар ин ки ҷавонон наздиконашон дур мемонанд, ки ин ҳам барояшон фишори равонӣ аст. Бояд ба фарҳанги бегона созгор шуд. Дар муошират низ ба мушкилӣ дучор мешаванд. Ман худам замоне, ки донишҷӯ шудам, дар авоил наметавонистам мавзуъҳоро дуруст пайгирӣ кунам. Ҳар гоҳ пас аз дарс аз ин ё он устоди донишгоҳ ёрӣ мехостам. Аммо ҳаргиз аз он устодон бархӯрди миллатситезонае нисбат ба худ надидаам. Ман ҳам аз пурсидан наметарсидам.

— Чуноне ки гуфтем, Шумо роҳбари Созмони донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург низ ҳастед. Ҷавонони тоҷик ба Шумо дар кадом ҳолатҳо муроҷиат мекунад?

— Ҳолатҳое ҳастанд, ки дарсро пайгирӣ карда наметавонанд. Мо ба онҳо як мутасаддӣ меёбем ва кумак мекунем. Ҳолатҳое мешавад, ки дар масъалаи ҳуҷҷатнигорӣ ба мушкилӣ дучор мешавем. Мо онҳоро назди коршиносон ҳуқуқӣ равон мекунем.

— Шумо бо кадом созмонҳои иҷтимоии шаҳри Петербург ҳамкорӣ доред?

— Пеш аз ҳама кори Созмони иҷтимоии донишҷӯёни тоҷикро пеш мебарам, ҳамзамон узви Иттиҳодияи байналмилии ҷавонони Русия ва Шурои донишҷӯёни хориҷии Русия низ ҳастам.

— Аминҷон, мо Шуморо ҳамчун донишҷӯи фаъоли тоҷик дар Русия мешиносем. Аммо мехостам, ки дар бораи худатон маълумот диҳед.

—  Ман дар ноҳияи Фархор ба дунё омадам. Дар кӯдакӣ дар Душанбе зиндагӣ мекардем ва пасон ба Хуҷанд кӯчидем. Гимназияи 1-уми шаҳри Бӯстонро соли 2013 хатм кардам. Аз хурдӣ ба варзиш машғул мешудам. Дар мактаб хуб таҳсил мекардам. Дар аксар чорабиниҳо дар саҳна будам. Ба рақс шавқ доштам. Вақтҳое, ки илҳомам меомад, расм мекашидам. Волидонам ба ман мегуфтанд, ки аз рақс суде ба даст намеорӣ, аммо аз рақсидан хушам меомад. Пас аз хатми синфи 9 ба театри "Лӯхтак" дар шаҳри Бӯстон ба кор даромадам. Ба ҳар ҳол барои масрафҳои рӯзонаам кор мекардам. Дар охирҳои соли таҳсил  рақс ва саҳнаро як сӯ мондам ва ба имтиҳон ҷиддан омодагӣ дидам. Чун донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Русия шудам, аз ҳама имконоте, ки доштам, истифода мебарудам. Ифтихор мекунам, ки дар ҳоле ки шаҳрванди хориҷӣ ҳастам, дар соли 2016 ғолиби озмуни "Донишҷӯи сол-2016" дар шаҳри Петербург шудам. Имсол пойтахти шимолии Русияро дар озмуни бузурги "Донишҷӯи сол-2017" намояндагӣ кардам ва то давраи ниҳоӣ расидам.

— Шумо ба ҷавононе, ки таҳсил дар хориҷаро ихтиёр кардаанд, чӣ маслиҳат медиҳед?

— Ҳеҷ гоҳ аз надонистани чизе натарсед. Агар нафаҳмидед, аз устодон бипурсед. Муҳим он аст, ки мо мақсад дошта бошем, агар мақсад ки гузоштем ҳатман аз пайи амалӣ кардани он мешавем.

—  Чӣ нақшаҳо доред?

—  Ман дар даврони донишҷӯи хело фаъол будам. Пас аз таҳсил мехоҳам бо истифода аз донишу малакае, ки ба даст овардам, ба Ватанам хидмат кунам.

—  Ба Шумо муваффақият мехоҳам.

—  Ташаккур!

Лентаи хабарҳо
0