Выдача новых номерных знаков в Симферополе

БДА беш аз 100 рақами “зебо”-ро тариқи музояда мефурӯшад

18
(Таҷдидшуда 14:57 22.12.2014)

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. БДА-и Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки 27-декабри соли 2014 аломатҳои қайди давлатии силсилаи СВ минтақаи 01  ба таври музояда ба фурӯш монда мешаванд, иттилоъ медиҳад сомонаи ВКД.

"Нархи як лот 414 сомонӣ (муодили 80 доллар) муайян шудааст",- хабар медиҳад сарчашма.

Дар музояда беш аз 100 аломати қайди давлатии силсилаи СВ минтақаи 01 (Душанбе), ки миёнашон рақамҳои 1600, 1616, 1661, 1700, 1800, инчунин 1991, 2002, 2112, 2772 мавҷуд аст, ба фурӯш гузошта мешавад.

Дархостҳо ва барасмият дарории ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар музояда се рӯз пеш аз гузаронидани музояда ба охир мерасад ва он дар бинои БДА-и ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Фурӯши рақамҳои ба истилоҳ "тиллоӣ"-и нақлиёт дар Тоҷикистон аз соли 2010 оғоз гардида, қиматтарин аломати қайди давлатӣ (01-01 АР (01)) моҳи майи соли 2012 бо нархи 55 ҳазор сомонӣ ($ 11,5 ҳазор) харидорӣ гардидааст.

То ин замон рақамҳои силсилаи  "7777" ва "8888" гаронарзиштарин ба шумор мерафтанд ва харидорои зиёд доштанд. Аввали соли 2012 ВКД фурӯши ин силсиларо манъ кард.

Ба иттилои Бозрасии давлатии автомобилӣ дар соли 2010 аз 30 музоядаи фурӯши аломатҳои қайди давлати 1,5 миллион сомонӣ (муодили 310 ҳазор доллар) даромад ба даст омада, он барои сохтмони неругоҳи Роғун ва буҷаи кишвар равона гардидааст.

18
Барчаспҳо:
мошин, музояда, фурӯш, рақам, "Роғун", БДА, ВКД, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
БДА 125 рақами “зебо”-ро ба фурӯш мебарорад