Роҳи харобшуда. Акс аз бойгонӣ

Пули дараи Муҷихарфи Нуробод хароб шуд

19
Соли 2014 бар асари боришоти зиёд ин пул ва яке дигар ҳам, ки дар 14 километрии ҳамин дара ҷойгир аст, хароб шуда буд.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Пули тозатаъмире, ки роҳи дараи Муҷихарфро бо ноҳияи Нуробод пайваст мекард, хароб шудааст, менависад оҷонсии TojNews.

Нуриддин Саидов, сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт ба оҷонсӣ гуфтааст, пули мазкур 9 метр дарозӣ дорад ва дар замони замони Шӯравӣ бунёд шуда буд.

Соли 2014 бар асари боришоти зиёд ин пул ва яке дигар ҳам, ки дар 14 километрии ҳамин дара ҷойгир аст, хароб шуда буд. Муассисаи мазкур бо ёрии мардуми минтқа пулро бозсозӣ мекунад.

Ҷаноби Саидов мегӯяд, ҳоло мавсими обхезиҳост ва дубора барқарор кардани пули харобшуда имкон надорад.

"Агар маблағ ҷудо шавад муассисаи мо омодааст, ки онро бо дарозии то 18 метр аз нав сохта ба истифода диҳад. Барои сохтани пули нав ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ сарф хоҳад шуд", — таъкид мекунад Саидов.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷисиктон дар бораи хароб шудани ин пул иттилоъ надоранд, вале мегӯянд, тақрибан соати 3-и баъд аз зуҳри  19-уми феврал дар 94 километрии шоҳроҳи Душанбе — Рашт лағжиши куҳпора рух додааст.

19
Барчаспҳо:
қатъи ҳаракат, мошингузар, тахриби пул, идораи хоҷагии роҳҳо, Нуриддин Саидов, Муҷихарф, Нуробод