"Уральские авиалинии" фурӯши чиптаҳоро ба самти Душанбе аз Жуковский оғоз кард

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкНамояндагони ширкати ҳавоии Ural Airlines
Намояндагони ширкати ҳавоии Ural Airlines - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвози аввалин аз фурудгоҳи нави назди Маскав ба самти Душанбе ва Хуҷанд санаи 22-уми ноябр ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе ҷорӣ карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik.Ширкати ҳавоии "Уральские авиалинии" дар сомонаи расмии худ ба фурӯши чиптаҳо ба самти Масква- Душанбе оғоз кард.

Тайёраҳои ширкати туркии Turkish Airlines, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Turkish Airlines дигар аз Хуҷанд парвоз намекунад

Аввалин парвоз аз фурудгоҳи нави назди Маскав — Жуковский ба пойтахти Тоҷикистон шоми 22-уми ноябр ба нақша гирифта шудааст.

Нархи чипта ба як тараф наздики 14 ҳзр. рубли русиро ташкил мекунад.

Сафарҳо аз Жуковский ба Хуҷанд низ аз санаи 22-уми ноябр сар мешаванд. Чиптаҳои ҳавоӣ ба ин самт ба як тараф қариб 13ҳзр. рубли русиро ташкил мекунад.

Ҳар ду рейс ҳам рӯзҳои сешанбе ва панҷшванбе ҷорӣ карда мешаванд.

Пештар хабар дода шуд, ки намояндагони ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон, пас аз изҳори ҷониби Русия, ки метавонанд парвозҳоро байни ин ду кишвар қатъ кунанд, ба Маскав омада, дар бораи парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковский гуфтушунид доир намуданд. Тарафҳо тавонистанд, ки ба хулосаи аниқ оянд ва дубора парвозҳоро байни ду кишвар барқарор кунанд. "Уральские авиалинии" акнун ҳар ҳафта ду маротиба аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва Хуҷанд парвоз хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0