Автобусҳои Тоҷикистон аз гумруки Эрон озод шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевИстгоҳ дар Душанбе
Истгоҳ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Автобусҳое, ки Тоҷикистон аз Туркия харида буд, аз гумруки Эрон озод шуданд

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Автобусҳое, ки шаҳрдории Душанбе аз Туркия харида буд ва тархисашон дар гумруки Эрон тул кашид, имрӯз Тоҷикистон равон шуданд.

Ба гузориши хабаргузории "ТаджикТА", Тоҷикистон аз Туркия 64 автобус харид карда ки мебоист аз роҳи Эрон ба Душанбе мерасиданд. Аммо бархе аз ин автобусҳо бо далоили фаннӣ дар гумруки Эрон боздошт шуда буданд.

Ин хабаргузорӣ мегӯяд, ки пас аз он ки муъовини таробарии вазири роҳу шаҳрсозии Эрон Довуд Кишоварзӣ ин қазияро пайгирӣ кардааст, гумруки "Бозаргон" 40 автобусро озод кардааст.

Интизор меравад, ки ин автобусҳо ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон мерасанд. Ҳамакнун онҳо аз Туркманистон мегузаранд ва ба Узбакистон наздик мешаванд.

Ба гуфтаи масъули таробарии шаҳрдории Душанбе Хуршеда Кабирова, пайвастани 64 автобус ба новгони мусофирбарии пойтахт авзоъро бисёр беҳтар хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки сарпарасти шаҳрдории Душанбе Рустам Эмомалӣ мехоҳад шабакаи нақлиётии шаҳрро густариш диҳад, масирҳои нав кушояд ва нақлиётеро ки бештар аз 8 сол истифода шудааст, аз пойтахт берун кунад. Мувофиқи реҷаи нав тролейбусҳо дар Душанбе то соати 23:00 кор мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0