Дар Хатлон равиши нави дармони бемориҳои пӯст роҳандозӣ шуд

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкВрачи. Архивное фото
Врачи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин равиш "Теледерматология" ё "пӯстпизишкии электруникӣ" ном дошта дар Маркази бемориҳои пӯсту омезишии №1 вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда аст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, бо ибтикори ин ниҳод дар вилояти Хатлон равиши нави дармони бемориҳои пӯст роҳандозӣ шуд.

Ба гузориши манбаъ, ин равиш "Теледерматология" ё "пӯстпизишкии электруникӣ" ном дошта дар Маркази бемориҳои пӯсту омезишии №1 вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда аст.

Таҷҳизоти лозим барои роҳандозии ин равиши пӯстпизишкиро созмони PASHA ба Маркази бемориҳои пӯсту омезишии №1 вилояти Хатлон тақдим кардааст.

Ин равиши нави дармонӣ барои нахустин бор дар вилояти Хатлон роҳандозӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0