Вазорати таробарии ҶТ имкони тунелсозӣ дар роҳи Кӯлоб - Дарвозро месанҷад

© Фото : Аз саҳифаи фейсбуки Нилуфар АсламшоеваБозсозии роҳи Дарвоз
Бозсозии роҳи Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносон дарозои ин тунелро 300 метр баровард кардаанд. Пажӯҳишгоҳи тарроҳии Вазорати таробарӣ муваззаф шудааст сохтусози ин тунелро имконсанҷӣ ва тарҳи онро пешниҳод кунад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Вазорати таробарии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтусози тунел дар бахше аз роҳи Кӯлоб — Дарвозро имконсанҷӣ мекунад.

Вазири таробарии ҶТ Худоёр Худоёрзода имрӯз дар нишасти расонаӣ гуфт, дар паи зери об мондани бахше аз роҳи Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз — Хоруғ пешниҳод кардаанд, ки дар бахше аз ин роҳ дар миёни ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз тунел сохта шавад.

Министр транспорта Худоёр Худоёров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон ба бунбаст расид

Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати таробарии ҶТ, дар нишасти расонаие, ки имрӯз баргузор шуд, ин вазорат аз фаъолияташ дар шашмоҳаи аввали соли 2017 натиҷагирӣ кард. Дар ин нишаст вазири таробарӣ, раҳбарони ширкатҳои "Роҳи Оҳани Тоҷикистон", "Тоҷик Эйр", "Тоҷикаэронавигасия" ва Хадамоти давлатии назорату танзими таробарӣ ширкат кардаанд.

Коршиносон дарозои ин тунелро 300 метр баровард кардаанд. Пажӯҳишгоҳи тарроҳии Вазорати таробарӣ муваззаф шудааст сохтусози ин тунелро имконсанҷӣ ва тарҳи онро пешниҳод кунад. Ин тарҳ ҳамчунин бо кишварҳои ёрирасону созмонҳои сармоягузор низ баррасӣ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар паи фурӯ рехтани селу гилшор дар бахши афғонистонии Дарвоз ва баста шудани рӯди Панҷ, ду русто дар бахши тоҷикистонии Дарвоз осеб диданд ва роҳ дар рустои Ширговад барои ду ҳафта баста шуд.

Лентаи хабарҳо
0