На въезде в Курган-Тюбе. Архивное фото

Бузургроҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа беҳсозӣ мешавад

46
(Таҷдидшуда 12:55 12.10.2017)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи дарёфти вом барои бозсозии 90-километри бузургроҳи Душанбе - Қӯрғонтеппаро тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ба гузориши вебгоҳи расмии Маҷлиси қонунгузор, намояндагон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди рушди байналмилалии ОПЕК барои иҷрои тарҳи «Беҳсозии роҳи худравгарди Душанбе — Қӯрғонтеппа (коридори 2,5 ва 6 CAREC)» —ро тасвиб карданд.

Вазири таробарии ҶТ Худоёр Худоёрзода дар муаррифии ин тарҳ дар маҷлис гуфта, ки арзиши куллии он 96,38 милюн дулор аст, ки аз ин маблағ 17 милюну 18 ҳазор дулор саҳми ҳукумати Тоҷикистон ва бақия саҳми Бонки тавсеъаи Осиёӣ ва Бунёди тавсеъаи байналмилалии ОПЕК аст.

Роҳи Душанбе-Бартанг
© Фото: Из личного архива Музаффари Имомдода

Бо ин вом қарор аст 33,2 килуметр аз бузургроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа беҳсозӣ шавад, ки 3,7 килуметр аз ин масир аз қаламрави шаҳри Душанбе, 17,8 килуметр — аз қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ва 11,7 килуметр аз қаламрави ноҳияи Хуросон мегузарад. Дар ин масир 4 пул ба дарозои 630 метр навсозӣ, шумораи хатти ҳаракат 4 то, паҳнои бахши худравгузар аз 14 то 24 метр, ғафсии қабати поёнӣ асфалт 6,5 см, қабати боло 5 см, шумораи истгоҳҳо 20 то, зергузарҳо 6 то барои роҳҳои саҳроӣ ва чорвогузар, шумораи лӯлаҳои обгузар беш аз 60 то, пиёдаравҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин 3325 метр карда хоҳад шуд.

Бар асоси ин барнома, бозсозии ҷодаи Душанбе — Қӯрғонтеппа дар ду марҳала анҷом хоҳад шуд ва муҷрии ин тарҳ ширкати чинии "China Road Bridge Corporation" аст.

Ин ширкат қаблан масири Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Турсунзода то марзи Узбакистон ва Айнӣ — Самарқандро бозсозӣ кардааст.

Дар ин миён бузургроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа ҷуз аз тармими ҷузъии бархе аз бахшҳояш дар 30 соли гузашта бозсозӣ нашуда буд ва акнун ҳукумати Тоҷикистон умедвор аст бо ҷазби кумакҳои молии хориҷӣ бозсозии ин бузургроҳро ба поён бирасонад.

46
Мавзуъ
Президент роҳи оҳани Душанбе- Қӯрғонтеппа- Кӯлобро ба истифода дод
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои вилояти Хатлон