Лағви чандин парвозҳо аз фурудгоҳи Тошканд

© Flickr \ Aleksandr ZykovТашкентский аэропорт, архивное фото
Ташкентский аэропорт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фаромадани туман ҳаракати нақлиёт ва ҳатто ҳавопайморо дар пойтахти Узбакистон мушкил кард. То соати 10 боду ҳаво каме беҳтар шуд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Фаромадани туман боиси лағви беш аз даҳ парвоз аз фурудгоҳи Тошканд шуд. Аксари парвозҳо ба шаҳрҳои дигар фиристода шуданд.

Дар ин бора Sputnik Узбакистон хабар медиҳад.

Рӯзи шанбе низ бо фаромадани туман дар фурудгоҳи Тошканд парвозҳо ё лағв шуданд ё ба шаҳрҳои дигар фиристода шуданд.

Взлетно-посадочная полоса в аэропорту Астаны - Sputnik Тоҷикистон
Лағви беш аз даҳ парвоз дар фурудгоҳи Нурсултон Назарбоев

Тибқи маълумот то соати 9.10 (ба вақти Душанбе) парвозҳои ширкати "Аэрофлот" ва "ЮТэйр" аз Маскав, ҳамчунин парвози ширкати  Turkish Airlines аз  Истамбул лағв шуд. Дар баробари ин парвози  ширкати "Узбекских авиалиний" аз  Сочи на ба Тошканд, балки ба Самарқанд равон шуду аз  Новосибирск ба  Навоӣ.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии Узбакитон мегӯянд, ки бо мусоид шудани боду ҳаво парвозҳоро ба ҳамаи самтҳо оғоз хоҳанд кард.

Фаромадани туман ҳаракати нақлиётро дар пойтахти Узбакистон мушкил кард.

Пештар хабар дода шуд, ки беш аз 150 мусофирони ширкати Turkish Airlines-и хатсайри Истамбул-Душанбе бағҷои худро гирифта наметавонанд.

Мусофирон шикоят карданд, ки парвози онҳо дар Стамбул 40-45 дақиқа боздошта шуд, аммо касе ба онҳо далели онро нагуфт ва онҳо пешакӣ хабар надоштанд, ки бори онҳо дастрас намешавад.   

 

Лентаи хабарҳо
0