Саҳифагардонӣ: ҳосилоти ҷангии колхозчиён

© SputnikКолхозчиёни Сталинобод. Соли 1942
Колхозчиёни Сталинобод. Соли 1942 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Sputnik ба бознашри матолиби солҳои ҷангӣ, ки дар матбуоти тоҷик дар он солҳои дури 1941 ба табъ расида буданд, идома медиҳад.

Муваффақиятҳои колхозҳои Ғарм

ҒАРМ, (аз мухбири махсусамон). Дар вилоят дар солҳои охир ҳосилоти киштҳои ғалладона хело баланд шуд. Даҳҳо звено, бригада ва колхозҳо аз ҳар гектар то 95-100 пудӣ ва аз ин зиёдтар ғалла мегирифтагӣ шуданд. Колхозчиён махсусан дар соли 1941 самаранок меҳнат карда муваффақиятҳои бузург ба даст дароварданд.

Дар райони Шулмак дар соли 1941 қариб ҳамаи колхозҳо аз плани муқаррар карда шуда зиёдтар ғалла ҷамъоварӣ карданд. Дар бригадаи пешқадами колхози "Заҳматкаш" ки ба он Азизов роҳбарӣ мекунад, аз ҳар гектар 10 сентнерӣ гандум гирифта шуд. Дар худи ҳамин бригада аз ҳар гектар зағир ба ҷои 2,6 сентнер 6 сентнери ҳосил ҷамъоварӣ карданд.

© SputnikКолхозҳои Ғарм дар солҳои 1941-45
Колхозҳои Ғарм дар солҳои 1941-45 - Sputnik Тоҷикистон
Колхозҳои Ғарм дар солҳои 1941-45

Бригадаи Санг Абдураҳмонов (аз колхози ба номи Сталин) ду сол боз ҳосили рекордӣ ҷаъмоварӣ мекунад. Бригадаи вай соли 1940 аз ҳар гектар 85 пуд ва дар соли 1941 бошад аз ҳар гектар 105 пудӣ қалла гирифт.

Ингуна муваффақиятҳо дар райони Обигарм ҳам дида мешаванд. Дар инҷо 22 колхоз аз ҳар гектар 90 пудӣ ҳосил гирифтанд. Дар тамоми колхозҳо зиёда аз 20 звено ва 11 бригадаи садпудчӣ ҳаст. Дар колхолзи "НКВД" ба номи Будёний, "Аскари сурх" ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 89 пудӣ гандум гирифтанд.

Даҳҳо колхозҳо аз агротехника дуруст истифода бурданд. Дар солҳои охир дар колхозҳои вилояти Ғарм ба заминҳо пошидани поруҳои маҳаллӣ васеъ шуд. Ҳамаи колхозҳо ба сифати тухмӣ аҳамияти ҷиддӣ медодагӣ шуданд. Ана ҳамин чорабиниҳо баланд шудани ҳосилотро таъмин карданд.

Дар колхолзи "НКВД", райони Ҳоит дар соли 1940 аз ҳар гектар 5 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда буданд. Дар соли 1941 вақте, ки ба бисёр участкаҳо порӯи маҳаллӣ андохта шуд, аз як гектар то 10 сентнерӣ ҳосил гирифта шуд. Колхозҳои "Меҳнат", ба номи Телман, "5 солаи дуюм", "Байрақи сурх" ҳам ҳосили фаровони ғалладонаро ба даст дароварданд.

Дар ҳамаи районҳо ҳосилот нисбат ба солҳои пештара хело зиёд шуд. Колхозчиён ҳамаи корро ба тарзи ҳарбӣ ташкил дода, ҳосилоро бо муваффақият ҷамъ карда гирифтанд. Қариб 300 колхоз ба фонди мудофиаи мамлакат ғалла супурданд. Дар аксар районҳо плани ба давлатсупории ҳамагуна маҳсулот пеш аз муҳлат иҷро гардид.

Дар тамоми районҳо барои ҳосилоти баланди соли 1942 муборизаи ҷиддӣ рафта истодааст. Колхозҳои районҳои Обигарм, Шулмак ва Тавилдара плани киштукори тирамоҳиро пеш аз мӯҳлат, барзиёд иҷро карда аз ҳисоби заминҳои холи ҳазорҳо гектар кишти иловагӣ гузаронданд. Колхозчиён қариб ба 60 протсенти заминҳо пору пошиданд. Колхозҳои ба номи Сталин, ба номи Маниулский, совети қишлоқи Сарой, райони Обигарм плани киштукорро 200 протсентӣ иҷро карданд. Даҳҳо колхозҳои районҳои Ғарм, Сангвор ва Ҷиргатол ҳам аз ҳисоби заминҳои холӣ кишти иловагӣ гузаронданд.

Дар ин наздикӣ дар ҳамаи районҳо ба муносибати ба охир расидани соли хоҷагӣ слётҳои колхозчиён шуда гузашт. Дар ин слётҳо вазифаҳои дар оянда баланд бардоштани ҳосилот ва боз ҳам беҳтар ёрӣ расондан ба ватан, муҳокима карда шуд. Зиёда аз 2000 звено, бригада ва колхозҳо барои дар соли 1942 аз ҳар гектар ба даст овардани 100 пудӣ ғалла ба мусобиқаи сотсиалистӣ ҳамроҳ шуданд.

("Тоҷикистони сурх". Моҳи майи соли 1942)

© SputnikТоҷикистони советӣ. Колхозҳои Сталинобод
Тоҷикистони советӣ. Колхозҳои Сталинобод - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистони советӣ. Колхозҳои Сталинобод
Лентаи хабарҳо
0