Клипи ҷадиди навозанда бо омезиши “илм ва мусиқӣ”

3
(Таҷдидшуда 15:24 02.12.2014)
Стэнфорд дар сомонаи хусусиаш дар бораи клипи навбатӣ ва шеваи эҷоди он нақл карда, қисматҳои алоҳида ва асбобҳои заруриро тавсиф кард.

Нигел Стэнфорд (Nigel Stanford), навозанда ва оҳангсоз аз Зеландияи нав клипи  нав сохт. Дар он мусиқачӣ таъсири мавҷҳои садоро ба хоку рег, моеъ, оташ ва барқ нишон медиҳад. Ҳамин тавр, ҳубобчаҳои об аз таъсири нақора ба сими "морпеч" табдил меёбанд. Пас аз навозиш дар синтезатор бошад, рег ба сурати фигураҳои геометрии гуногун тағйир меёбад. 

3