Хуберт Зайпел, хабарнигори олмонӣ аз Путин ҳимоят кард

3
(Таҷдидшуда 15:31 08.12.2014)
Журналисти телевизион аз Олмон дар барномаи муаллифиаш аз путин ҳимоят карда, иқдоми президенти Русияро дар мавриди пайвастшавии Қрим ба ФР ҷонибдорӣ намуд.

Дар саҳифаи русзабони шабакаи ҷаҳонии Youtube барномаи "Хашин, аммо боадолат"-и Зайпел нашр шудааст ва дар зимн хабарнигор аз райисҷумҳури Русия таъриф мекунад.

"Путин дар ҳоли фишор вазъият қарор дорад. Ҳар амле, ки ӯ анҷом медиҳад, тақозои вазифаву рисолаташ аст. Дар шарқи Украина сулҳу субот нест, вай бояд авзоро тағйир бидиҳад. Ман шахсан Путини қавиро дидам, ӯ бори зиёди сиёсӣ дорад. Ҳар коре, ки ӯ кард, барои ҳимоя аз манофеъи Русия кард. Ҳама чиро ба рӯҳи инсон вобаста донистан, иштибоҳ аст",-иброз доштааст, Зайпел.

3