Пулиси раққос: табрикоти солинавии ВКД-и Русия

1
(Таҷдидшуда 07:40 31.12.2014)
Вазорати корҳои дохилаи Русия аз фанноварии ҷадид барои табрики ҳамватанон ба Соли нав истифода мекунад. Ин мақомот дар шабакаи интернет ролики таблиғотиро, ки дар он пулис рақс мекунад, гузоштааст.

Ронандаҳо, рақси пулисро дар майдони Комсомолский рӯзи 28-уми декабр ба навор гирифта буданд ва ин навор аз телефон ба телефон мегузашт. Дар муддати кӯтоҳ ҳазорон корбари шабака дар интернет видеоро тамошо карданд.

Рӯзи дигар бошад, РКД дар шаҳри Маскав эълом дошт, ки ҳуввияти пулиси танзимкунандаи ҳаракат дар роҳро, ки рақс мекард, муайян намуд ва дар қиболи ӯ тафтиш шурӯъ шудааст.

Зимнан, корбарони интернет ба дифоъ аз "пулиси раққос" флеш-моб созмон дода, наворҳои зиёдеро дар шабака кориданд.

Ҳамин тавр, рӯзи душанбе ВКД-и Русия навори видеоиро, ки аз ҷониби ин мақомот сабт шудааст, бо навиштаи "Соли нав муборак" дар шабакаи "Youtube" гузоштанд.

1