Неруҳои ҳавоии кишварҳои СПАД бори аввал дар яхҳои Арктика нишастанд

Обуна шудан
Неруҳои ҳавоии Русия, Белорусия ва Тоҷикистон бори аввал дар якҷоягӣ рӯи яхҳои Арктика фуруд омаданд. Аксҳои аз ҳавопайоми Ил-76 бардошташударо бубинед.

100 нафар аз неруҳои ҳавоии се кишвари узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ба таври муваффақона дар нахустин ҷаҳиши чатрбозии ҷаҳонӣ, ки дар яхҳои Уқёуниси Яхбастаи Шимолӣ сурат гирифт, ширкат карданд.

Дар ин амалиёт 85 нафар рус, 13 белорус ва 2 нафар тоҷик ширкат карданд.

Десантчиён бо ҳама лавозимоти зарурӣ барои шароити антарктида фуруд омадаанд. Тамоми лавозимоти онҳо аз 30 то 50 кг, вазн дорад. Ин лавозимот хайма, гармидиҳанда ва нерудиҳандаро дар бар мегирад.

Фурудоии неруҳои ҳавоӣ дар доираи тамриноти экспедитсияи наҷотдиҳанда дар минтақаи Қутби шимол сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0