Ду тифли ягуарро бори аввал намоиш доданд

Обуна шудан
Ду бачаи ягуарро, ки чанде муқаддам дар Боғи вуҳуши Ленинград ба дунё омаданд, ба намоиш гузоштанд. Шумо ҳам метавонед дар ин навор он ду насли ягуарро бубинед.

Ин ду бачаи ягуар рӯзи 11 март дар Боғи вуҳуши Ленинград ба дунё омаданд. Ҳар дуи онҳо аз ҷинси мода мебошанд. Яке аз онҳо ало — сиёҳу сафед ва дигарӣ хол-хол аст. Ин аллакай панҷумин насли волидайни онҳо — ягуарҳо Агнесса ва Рока аст.

Ягуарбачаҳо ҳоло ҳар кадоме 3 килограмми вазн доранд ва дандонҳояшон инкишоф меёбад.

"Аллакай машғули бозӣ мешаванд, ҳоло зуд-зуд мушоҳида кардан мумкин аст, ки ягуарҳо рӯи ҷисми модарашон ҷасту хез мекунанд, байни худашон бозӣ мекунанд. Ва дар рӯзҳои наздиктарин онҳо аз лонаашон берун хоҳанд омад", — нақл кард корманди боғи вуҳуш Светлана Шелгунова.

Падари ягуарбачаҳо дар панҷараи алоҳида нигаҳдорӣ мешавад.

Ягуарҳо мутобиқи табиаташон ба танҳои ба сар мебаранд ва танҳо ба ҳангоми наслгирӣ якҷо мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0