(0:44 / 4.66Mb / просмотров видео: 6)

Садҳо нафар журналист Олес Бузинаро ба манзили охират гуселониданд

7
(Таҷдидшуда 15:13 20.04.2015)
Садҳо нафар барои видоъ бо рӯзноманигор ва нависандаи украинӣ Олес Бузина рӯзи якшанбеи 19 апрел ба Киев омаданд. Наворҳои маросими видоъро инҷо бубинед.

Барои гусели журналисти кушташудаи украинӣ ба хонаи охират, бино бар шумориши хабарнигори РИА Новости, наздики 500 нафар ҳузур пайдо кардааст.

Сари қабри рӯзноманигор таъзия хонданд ва бо вай видоъ карданд. Сари тобути вай сафи тӯлоние аз ҳозирон пайдо шуд, ки ҳамагт мехостанд бо Бузина видоъ бигӯянд.

Ҳозирон дар якҷоягӣ садо дар медоданд, ки: "Шарм бар давлати Украина! Ифтихор ба Олес Бузина!"

Бузина дар назди манзилаш дар шаҳри Киев рӯзи 16 апрел кушта шуд. Ин журналист барои сомонаи RIA.RU гузориш медод. Вай федеросозии Украина, тавсиаи васеи забони русӣ ва украиниро ҷонибдор буд. Вазорати умури дохилӣ ҳамаи гузинаҳои қатли рӯзноманигор, дар навбати аввал — қатл бар пояи фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсии ӯро таҳқиқ дорад.

Қатли Бузина ва дигар ҷиноёти шадид алайҳи намояндагони мухолифи украиниро президенти Русия Владимир Путин ва президенти Украина Петр Порошенко шарҳ доданд. Аввалӣ ин ҷиноётро сиёсӣ номида, гуфт дар Аврупо ва Амрико намехоҳанд онҳоро ба назари эътибор бигиранд, дувумӣ бошад — иғво алайҳи Украина унвон кард. Порошенко барои таҳқиқи қатли рӯзноманигор дастур дода, гуфтааст дар наздиктарин фурсат он ошкор шавад.

7
Барчаспҳо:
мухолиф, иғво, иҷтимоӣ, фаъолият, ангезаи сиёсӣ, қабр, хонаи охират, таҷамуъ, қатл, рӯзноманигор, видоъ, Владимир Путин, Петр Порошенко, Олес Бузина, Киев, Украина
Мавзуъ
Комитети ҳифзи хабарнигорони ИМА қатли Олес Бузинаро маҳкум кард