Темур Зулфиқоров: компутар таҷҳизоти шайтонист

Обуна шудан
Шаби эҷодии Темур Зулфиқоров шоми шанбеи гузашта дар Театри ба номи Владимир Маяковскийи шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Шаби эҷодии Темур Зулфиқоров шоми шанбеи гузашта дар Театри ба номи Владимир Маяковскийи шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ин шаби эҷодии нависандаии русзабони Тоҷикистон "Дастрахони ҳаёти ман унвон" дошт ва дар он китоби тозаэҷоди ӯ — "Пиёлаи заррини муҳаббат" муаррифӣ шуд. Дар ин шом Зулфиқоров новеллаҳои тозаэҷоди хешро ҳамроҳи завҷааш Ирина Дмитриева Ван зери оҳанги гитор замзама кард.

Темур Зулфиқоров баъди қироати новеллаҳояш, инчунин, назару андешаҳои хешро дар мавриди ҳаводиси рӯз баён дошт. Вай бештар аз хабари расонаҳо интқиод кард, ки ба қавли ӯ болои сари мардум "партов" мерезанд. Инчунин ӯ гуфт, "компутар таҷҳизоти шайтонист, ки одамро аз асли хеш дур мекунад". "Он мардумро ба гӯсфанд табдил медиҳад",- илова кард адиб.

Темур Зулфиқоров 17-уми августи соли 1936 дар Душанбе дида ба ҷаҳон кушодааст. Падараш — Қосим Зулфиқоров котиби аввали ҳизби коммунист дар Шаҳринав буд. Модараш — профессор Людмила Успенская — муҳаққиқи гӯишҳои водии Ҳисор ва яке аз муаллифони "Луғати тоҷикӣ-русӣ"-и чопи соли 1954 буд.

Темур Зулфиқоров соли 1955 ба риштаи фалсафаи Донишгоҳи Ленинград дохил шуд, вале ду сол баъд фалсафаро партофт ва таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав идома дод.

Муаллифи сенарияи 9 филм, аз ҷумла "Рояли сафед", "Ошпаз ва овозхон", "Одам аз паси паррандаҳо парвоз мекунад", "Мурғи сиёҳ", "Саробҳои ишқ", "Ишқи аввали Насриддин", "Бозгашти Хоҷа Насриддин" ва "Пешхидмат бо лаълии тило". Теъдоди умумии нашри 30 китоби Темур Зулфиқоров беш аз 1 миллион нусха ҳадс зада мешавад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0