(1:30 / 9.51Mb / )

Таэквандочиёни тоҷик ба мусобиқаи ҷаҳонӣ омодагӣ мегиранд

6
(Таҷдидшуда 18:12 28.08.2015)
16 нафар қаҳрамонони ҷаҳон дар риштаи таэквандо- ITF тасмим доранд ба сегонаи беҳтарин тимҳои дунё дар сабқати ҷаҳонии Булғористон ворид шаванд. Соли 2007 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар дунё мақоми дуввумро соҳиб шуда буд, аммо баъдтар ин натиҷа бо сабабҳои мухталиф майл ба поёнравӣ дорад.

Дар муқобили дастаи таэквандочиёни Тоҷикистон дар сабқатҳои ҷаҳонӣ тимҳое ба майдон мебароянд, ки аз ҷиҳати теъдоди варзишгарон бамаратиб зиёдтар мебошанд. Аммо ба ҳар вуҷуд тими Тоҷикистон аз мусобиқаҳо бе ҷоиза барнамегардад.

Дар сабқати навбатии ҷаҳонӣ дастаи варзишгарони таэквандоҷӣ миёни калонсолон яке аз мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданианд.

Сабқати ҷаҳонӣ дар Булғористон 25 август оғоз гардида, 30 август ба анҷом мерасад. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии президенти Федератсияи таэквандо ва кикбоксинг Мирсаид Яҳёев рӯзи сешанбе озими София гардид.

 

6