(0:48 / 4.73Mb / просмотров видео: 33)

Эътирози "партовӣ" дар Бейрут: издиҳом пулисро сангборон кард

4
Эътирози назди бинои ҳукумат дар маркази пойтахти Лубнон ба бархӯрди намоишгарон бо пулис табдил ёфт. Даҳҳо нафар ҷароҳат бардошта, мақомоти инзомӣ 40 касро боздошт карданд.

Садҳо нафар дар майдони Рияд ас-Солеҳ дар маркази шаҳри Бейрут ҷамъ омада, аз набудани таҷҳизотҳои махсуси партовпартоӣ шикоят доштанд. Дар оғоз ин чорабинӣ ором идома меёфт, бо гузашти вақт он ба бархӯрди эътирозгарон ва пулис табдил шуд.

Мақомоти интизомӣ алайҳи издиҳоми мардум гази ашковар, тирҳои резинӣ ва обшаппакҳоро истифода кард, эътирозгарон бошанд, ҷониби пулисҳо санг ҳаво медоданд.

Намоишҳои эътирозӣ дар пойтахти Лубнон рӯзи якшанбе шурӯъ гардиданд. Одамон бо даъвати созмони ҷамъиятии "Тулэт Рихиткун" ("Шумо бӯй мекунед") ба хиёбонбаромада аз ҳукумат хостори расидагӣ ба қазияи партовҳо гардиданд.

Дар пайи муноқишаи эътирозгарон як нафар ҳалок шуда, беш аз даҳ нафари дигар осеб диданд. Миёни ҷароҳатбардоштагон корманди пулис ҳам ҳаст.

4