Варзишгарони қирғиз дар бозии волейбол дастаи тоҷиконро мағлуб карданд

Обуна шудан
Рӯзҳои истироҳатии гузашта дар Маскав Аввалин мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба волейбол баргузор гардид. Иштирокчиёни он гурӯҳҳои тоҷикони муқими Маскав ва қирғизон будананд.

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Ташкилотчиёни чорабинӣ Ташкилоти ҷамъиятии "НУР",  Ташкилоти ҷамъияти "Помир" ва ҳукумати Маскав мебошанд.

Дастаи қирғизон дар ин сабқат ғолибиятро ба даст овард. Мақоми дуввумро дастаи "Помир- Маскав" ба даст оварданд, ҷойи саввумро бошад- дастаи Шохдара. Варзишгарон дар номинатсияҳои гуногун мукофотҳои — "беҳтарин пайвасткунанда" ва "беҳтарин ҳамлагар" ва ғайраро ба даст оварданд.

Дастаҳоро ҳакамонҳои касбӣ баҳодиҳӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0