Дар Маскав бахшида ба мавлуди Оқохони IV консерт баргузор гардид

Обуна шудан
Дар пойтахти Русия бо иштироки сарояндагони машҳури тоҷик бахшида ба 80-умин солгарди пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ консерти бошукӯҳ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар саҳнаи толори консертии "Россия" дар назди тамошобинон Самандар Пӯлодов, Мадина Ақназарова, Мутриб Шоискандаров, Акназар Аловатов, гурӯҳи "Шамс" ва Далер Назаров баромад намуданд.

Барномаи фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии "Нур" бо кӯмаки ризокорони ҷамоати Маскав доир гардид.

Консерт бахшида ба Навруз. Акс аз бойонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав бахшида ба 80-солагии Оқохони IV консерт баргузор мегардад

"Дар консерт панҷ ҳазор тамошобинон иштирок доштанд. Ҳамаи сарояндагон махсусан ба хотири консерт: нафаре аз шаҳри Душанбе ва дигаре аз шаҳри Хоруғ ҷамъ омаданд", гуфт Аслишо Акимбеков зимни сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Оқохони IV- Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон, пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони севвум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ ба симмати мазкур баргузида шуда, 59 сол боз дар раъси он қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0