Путин суруд мехонад: президент ҳамроҳи донишҷӯён машқи овоз кард

Обуна шудан
Вақте ки маълум шуд, ки бархе аз донишҷӯёни донишгоҳи бонуфузи Донишгоҳи давлатии Маскав суруди машҳури "Четырнадцать минут до старта"-ро ба пуррагӣ намедонанд, президенти Русия Владимир Путин дар хондани суруд ба онҳо кӯмак кард

Владимир Путин якҷоя бо донишҷӯён сурудхонӣ намуд.

Дар вохӯрӣ бо донишҷӯёни ДДМ Владимир Путин ба онҳо ҳангоми хондани суруди машҳури  "Четырнадцать минут до старта"  кӯмак расонид. Ҷавон бо гитор ба сурудхонӣ сар кард, аммо якбора матни онро фаромӯш намуд. Аввал президенти Русия як ду калимаро ба ёд овард, аммо баъдан сурудро ба пуррагӣ якҷоя сароид.

Путин дар сӯҳбат бо донишҷӯён дар бораи даврони донишҷӯии худ нақл намуд.

Лентаи хабарҳо
0