(0:37 / 4.13Mb / просмотров видео: 2693)

Модари бародарон Азимовҳо: "бовар намекунам ки фарзандонам терурист бошанд"

145
(Таҷдидшуда 14:22 21.04.2017)
Модари бародарон Азимовҳо, ки ба иттиҳоми даст доштан дар омодасозии инфиҷор дар метрои Санкт-Петербург боздошт шудаанд, мегӯяд "бовар намекунам, ки фарзандонам гунаҳкор бошанд"

Созмондиҳандаи эҳтимолии инфиҷор дар метрои Петербург Аброр Азимовро кормандони ФСБ чанде пеш боздошт карда буданд.

Модари бародарон Вазира Мирзоаҳмадова аз ин хабар ҳайрон шуда ва мегӯяд, ки бовар намекунад фарзандонаш дар ин ҷиноят даст дошта бошанд.

"Ман модар ҳастам. Бовар намекунам, ки фарзандонам гунаҳкор бошанд. Ман онҳоро дуруст тарбия кардаам", — мегӯяд зан дар навор.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалҳои моҳи апрел дар метрои Санкт-Петербург инфиҷоре рух дод, ки дар натиҷаи он 15 мусофир кушта ва 49 кас захмӣ шуданд.

145
Барчаспҳо:
гуноҳ, метро, инфиҷор, боздошт, Осиё