Рақс бикун ҷоно: навор аз консерти Андӣ дар Маскав

Обуна шудан
Рӯзи 6 сентябр нахустин консерти овозхони номии эронӣ Андӣ Мададиён дар толори "ГлавClub Green"-и Маскав баргузор шуд.

"Ассалому алайкум, дӯстони азаз! Хеле шодам аз дидоратон. Ҳолатон хуб ҳаст", — гуён Андӣ дили мухлисонашро шод карду ба сароидани суруди "Чашмони нозат" ҳунарнаоияшро оғоз бахшид.

Андӣ дар тӯли тақрибан ду соат бо овози зинда дар назди мухлисонаш баромад кард. Ӯ гоҳе бо онҳо суҳбат мекарду гоҳе онҳоро ба ҳамовозӣ мехонд, гоҳе изҳори хушнудӣ мекарду гоҳе дасташро ба сӯи тамошобинон дароз карда мекӯшид ба муҳаббатҳои мухлисонаш ҷавоб диҳад.

Концерт Иранского певца Andy в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Андӣ: дар Амрико хушбахтам, аммо то ҳол дар ҳасрати Эрон мондаам

"Ман аз он сӯи уқёнус барои дидори ҳамватанонам, ҳамзабононам омадам. Пас чаро ин ҷо монеъаҳо мондаанд миёни мову шумо", —гила мекард овозхони номӣ аз монеъаҳои дар байни тамошобинону саҳна.

Ба дидани кумири худ тоҷику узбак, эрониву қазоқ, русу арманӣ ва афғону ҳинду омада буданд. Яке бо хонавода, дигаре бо дӯстдухтар, сеюмӣ бо рафиқон ва чаҳорумӣ бо падару бобо ба дидори Андӣ мешитофтанд ва аз ҳавои сарду боронии Максав худро дар оғӯши фазои гарму самимӣ дармеёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0