(3:26 / 26.80Mb / просмотров видео: 3811)

Созу овози тоҷикӣ дар Узбакистон: ҳунармандон хуш дурахшиданд

158
(Таҷдидшуда 20:08 12.10.2017)
Намоишсарои Бузурги "Алишер Навоӣ" дар шаҳри Тошканд имрӯз майдони ҳунарнамоии овозхонону созандагону навозандагони тоҷик буд

Ин консерт дар чорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон баргузор шуд. Мардуми Тошканд ҳунарнамоии овозхонҳову рақсандаҳои тоҷикро бо гулдастаҳову кафкӯбиҳои пуршӯр арҷгузорӣ карданд.

Ба гузориши хабарнигори Sputnik Узбакистон, толор пур аз тамошобин ва ба гуфте "ҷои сӯзан задан ҳам намонда буд".

Дар ин консерт ҳунармандони номовар Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев, Муҳаммадрофеъ Кароматуллоҳ, Дилноза Каримова, Фотима Машрабова ва гурӯҳҳои созиву рақсӣ ҳунарнамоӣ карданд.

158
Барчаспҳо:
намоишсаро, фарҳанг, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон, Тоҷикистон-Узбакистон
Мавзуъ
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон оғоз ёфтанд