Тазоҳуроти зидди қарори Трамп дар тамоми гӯшаю канори дунё

Обуна шудан
Садҳо ҳазор бошандагони пойтахти Ироқ барои намоиши эътироз ба қарори Доналд Трамп оиди эътирофи Байтулмуқаддас чун пойтахти Исроил ба кӯчаҳо баромаданд

Мардуми Киркук, Басра, Найнаво, Салоҳиддин, Наҷаф, Карбало ва дигар манотиқи Ироқ бар зидди қарори Трамп эътироз карданд. Дар тазоҳурот кормандони мақомоти маҳаллӣ ва рӯҳониёни кишвар, дар Бағдод бошад сафири Фаластин дар Ироқ Аҳмад Акал низ бо таҳозургарон ҳамроҳ шуд.

Таҳозургарон дар даст навиштаҷоти гуногун бар зидди қарори ИМА дар кӯчаҳо эътироз карданд.

Рӯзи чаҳоршанбе Амрико қарор кард сафорати худро дар Исроил ба шаҳри Байтулмуқаддас кӯчонад.

Қарори кӯчонидани сафорати Амрико дар Исроил аллакай соли 1995 қабул шуд, вале бо далели муташанниҷ будани вазъияти гирди  Байтулмуқаддас, раҳбарони ин кишвар  аз ҷумла Трамп ҳар нимсол созишномаеро имзо мекунанд, ки тасвиби қонунро тамдид медиҳад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0