Второй гуманитарный конвой в Донецке Ростовской области

ВҲФ-и Русия ба Донбас ёрдами инсондӯстона мекунад

3
(Таҷдидшуда 15:16 05.12.2014)
ВҲФ-и Русия аз охири моҳи август то аввали ноябри соли 2014 шаш корвони ёрии инсондӯстонаро, ки ҳомили беш аз 8 ҳазор тонна бор буд, барои кӯмак ба вилоёти Луганску Донетск фиристод.

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ҳоло корвони ҳафтуми кӯмакҳои башардӯстона барои Донбас омода шуда истодааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ВҲФ-и Русия.

Аз 24-уми август то 4-уми ноябр шаш корвони мошинҳои пурбор ба вилоятҳои Луганску Донетск беш аз 8 ҳазор тонна маводи инсондӯстона —  хӯрокворӣ, либосҳои гарм, дору ва таҷҳизоти тиббӣ, маводи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ ирсол карданд. Имрӯз Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ба ташкили корвони ҳафтуми ёрии башарӣ иқдом кард.

"ВҲФ барои ҳафтумин бор корвони кӯмакҳои башариро ташкил менамояд ва он барои сокинони вилоёти Луганску Донетск расонида мешавад", — хабар медиҳад сарчашма.

Қаблан, Владимир Пучков, вазири ҳолатҳои фавқулодаи Русия эълом дошт, ки шеваи ирсоли ёрии башардӯстона бо Салиби Сурхи Байналмилал мувофиқа мегардад ва Украина бояд бечуну чаро шартҳои онро риоя намояд.

3