Джордж Сорос. Архивное фото

Соросро мехоҳанд аз Қирғизистон "бадарға" кунанд

3
(Таҷдидшуда 15:25 10.12.2014)
Намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби сиёсӣ бар ин боваранд, ки бунёди мазкур ба равандҳои сиёсии кишвар мудохила мекунад.

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Тазоҳурот алайҳи ҳузури Бунёди Сорос рӯзи 17 ноябр дар назди бинои сафорати ИМА дар Бишкек сурат гирифт, иттилоъ медиҳад ВАО.

Ба навиштаи Bishkek Post эътироз аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии "Ҷаҳони русӣ" ("Русский мир") созмон ёфта буд. Ба қавли роҳбари ташкилот Надежда Ладошинская, тазоҳурот алайҳи ҳузури Бунёди Сорос дар Қирғизистон буд, зеро ба гуфтаи ӯ, бунёд ба корҳои сиёсии ҷумҳурӣ дахолат мекунад ва боиси сар задани бесуботӣ дар Қирғизистон мешавад.

"ИМА фикр мекунад, ки дар кишвари мо ҳар гуна низоми сиёсиеро бихоҳад бунёд карда метавонад. Онҳо кушоду равшан мегӯянд, дар ҳар куҷое, ки одамони камбизоат ба сар мебаранд, пул дода ҳар амалро иҷро кардан мумкин аст. Ҳар куҷое, ки Сорос ҳузур пайдо кардааст, он ҷо ҷанг аст. Мо инро намехоҳем, барои мо сулҳу субот даркор аст",- иброз доштааст Ладошинская.

Ба иттилои РИА Новости дар тазоҳурот беш аз 50 нафар намояндаи ташкилотҳои мухталифи ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ ширкат доштанд. Миёни онҳо наамояндагони иттиҳодия русии ҳамватанони "Русский мир" низ буд.

Эътирозгарон ба ин назаранд, ки боздиди Сорос  ба Қирғиизстон ба масъалаи шомил шудани ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ дар моҳи декабр рабт дорад ва ишора мекунанд, ки маҳз ташрифи ӯ дар соли 2004 боиси сар задани "инқилоби ранга" гардид.

Сорос бо як сафари корӣ вориди Бишкек шуда, тасмим дорад аз ҷараёни умури сохтмонӣ дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ ва шаҳраки донишҷӯён, ки бо маблағгузории бунёди эшон сохта мешавад, дидан намояд. Айни замон 80 % кори сохтмон ба анҷом расидааст.

3
Барчаспҳо:
Қирғизистон, сафорати ИМА, Ҷаҳони русӣ, Русский мир, тазоҳурот, Сорос, Қирғизистон, ҷамъият, тазоҳурот, фаъолият, Бишкек, Сорос