Британский суд подтвердил решение об экстрадиции Ассанжа в Швецию

Ҷулиан Ассанҷ: Google хатарнок шудааст

4
(Таҷдидшуда 15:03 05.12.2014)
Дар китоби нави худ Ҷулиан Ассанҷ менависад, ки Google комилан ба нафъи сиёсати хориҷии ИМА фаъолият мекунад ва ин боиси таҳдиди хатар ба ҳаёти шахсии миллиардҳо инсон аст.

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. "Вақте Google бо WikiLeaks вохӯрд", таҳти чунин унвон ҳафтаи гузашта асари нави бунёдгузори WikiLeaks ба нашр расид. Дар он Ҷулиан Ассанҷ омилҳои хатарзоро, ки ин шабакаи бузурги интернет (Google) ба миён меорад, ба қалам додааст. Дар ин бора Inosmi.ru бо истинод ба нашрияи итолиёвии  "L'Espresso" хабар медиҳад.

"When Google Met WikiLeaks" асари беназир буда, дар он Ассанҷ дар бораи мулоқоташ дар Эллинг-Холл бо Эрик Шмидт (Eric Schmidt), раиси шӯрои роҳбарони ширкати Google ва Ҷаред Коэн (Jared Cohen), бунёдгузор ва роҳбари илмии маркази Google Ideas нақл мекунад. Ин вохӯрии одамони боидроку ҳушманд ва дар айни замон дорои назарҳои муқобил буд. Қабл аз ҳама онҳо дар бораи ояндаи интернет андешаҳои мутафовит доштанд: ба назари Ассанҷ "қувваи озодибахши интернет дар мустақилият ва ҳузури он дар фазои бе Ҳукумат (Давлат) аст". Аммо Шмидт "мустақилияти интернетро бо манофеъи сиёсати хориҷии ИМА тавъам" медонад.

"Инсонҳое амсоли Шмидт ва Коэн,-  менависад Ассанҷ, — туро мутақоид месозанд, ки боз (кушода) будан як фазилат аст, аммо ҳар нуқтаназари дигарро, ки бо сиёсати амрикоӣ, аз ҷумла сиёсати хориҷии он муқобил мебарояд, қабул надоранд. Онҳо бар ин боваранд, ки ба фоидаи ҳамагон фаъолият мекунанд, аммо дар асл ин тавр нест. Мушкил низ дар ҳамин ҷост".

Ассанҷ бо L'Espresso дар бораи китоби наваш сӯҳбат кард. Ба гуфташ, тайи 15 соли ахир Google дар интернет мисли як паразит рушд кард. Веб-навигатсия (навоварии ҷадиди вебҳо), шабакаҳои иҷтимоӣ, харита ва роҳнамоҳои Google дар телефони мобилӣ, болои мизи корӣ пайдо шуд, он дигар ба ҳама паҳлӯҳои ҳаёти мо ворид мешавад: аз зиндагии шахсӣ то муносиботи тиҷоратӣ ва ғайра.     

-  Аз ин рӯ метавон тасдиқ кард, ки Google болои ҳар муштарии интернет ҳокимияти бузург дорад, яъне нисбати ҳар як инсони дунёи муосир,- — гуфт Ассанҷ. — Гузашта аз ин, Google на фақат дар ҳаҷму меъёр бузург шуда истодааст, балки он як таҳдиди воқеъӣ барои истифодабарандагон шудааст. Дар китобам ман нақл мекунам, ки он ба нафъи сиёсати хориҷии ИМА кор мекунад. Барои мисол, Google ҳаёти миллиардҳо инсонро зери хатар мегузорад, дар бораи онҳо далел ҷамъ меорад, инчунин барои ин ё он ҳадафи сиёсӣ метавонад ҳазорҳо рекламаи интернетиро тарғибу ташвиқ кунад.

Ба қавли Ассанҷ, "кишварҳое чун Русия ва Чин аз соли 2009 Google-ро аслиҳае дар дасти ИМА медонанд. Аммо мушкилӣ онҳо дар ин ҷост, ки роҳҳали проблемаро дар эҷоди боз як монополияи маҳаллӣ мебинанд".

Ҷулиан Ассанҷ, поягузори торнамои Wikileaks, чор сол қабл озодиашро аз даст дода, аз моҳи июни соли 2012 дар сафорати Эквадор дар Лондон панаҳ бурдааст.  

4
Барчаспҳо:
Интернет, Эквадор, хатар, таҳдид, Коэн, Шмидт, Ҷулиан Ассанҷ